ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон Сунатулло Исроилов дар мусобиқаи Ҷоми асосиатсияҳои Амрико соҳиби ҷойи аввал шуд.
Мусобиқа дар Ню-Ҷерсии Амрико бо иштироки 32 варзишкор баргузор шуд. Сунатулло бар варзишкорони Ховарда Шермана (Ҳинд), Петр Гремлича (Укроин), Кевин Линитса (Амрико) пирӯз шуда, ба бозитҳои ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври ниманиҳоӣ Сунатулло рақиби олмониашро Прозанно Фернандо шикаст дода ба финал баромад. Дар финал вай рақиби амрикоишро низ шикаст дода соҳиби медали толло гаштааст.
Пештар вай дар мусобиқаҳои Флорида, Ню-Ҷерси ва Ню-Йорк иштирок намуда, соҳиби медалҳои тилло гашта буд. Ҳоло варзишкори тоҷик дар академияи тенниси Флорида таҳсил мекардааст.