Шерхон Салимзода: дар 6 моҳ 628 кило маводи мухаддир мусодира шуд

Шерхон Салимзода. Архивное фото
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони ожонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон беш аз 628 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Шерхон Салимзода,  раиси ожонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, дар нимсолаи соли ҷорӣ 5,2 кило героин, 309 кило афюн, 90,5 кило ҳашиш ва 223.7 кило маводи мухаддири гурӯҳи канабис мусодира шудааст.

Сӯзонидани маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Кам шудани мусодираи нашъа ва хатсайрҳои нави қочоқбарӣ дар ҶТ

“Кормандони Ожонсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 257,8 кило маводи мухаддир зиёд мусодира карданд. Дар оташдони махсуси Ожонсӣ беш 1 ҳазору 590 кило маводи мухаддир сӯзонда шуд”, —таъкид кард Салимзода

Ҳамчунин вай таъкид кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони Ожонсӣ 110 ҷинояти вобаста ба гардиши маводи мухаддирро ошкор намуданд.