Муроҷиати 12 каждумгазида дар 1 рӯз: афзоиши ҳамлаи каждум дар Суғд

Гармии тоқатфарсо боиси афзоиши ҳамлаи каждум ба одамон шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Масъулини тибби вилояти Суғд аз афзоиши нешзании каждум тайи рӯзҳои охир иттилоъ доданд.

"Ҳуҷуми" каждум ба сокинон дар Хуҷанд

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба масъулини беморхонаи рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ додаанд, ки танҳо давоми як шабонарӯз ба ин муассиса 12 нафари каждумгазида бо шикоят аз дарди тоқатфарсо муроҷиат намудаанд.

“Чунин муроҷиаткунандаҳо зиёданд ва ба онҳо кӯмаки ройгони тиббӣ расонда мешавад”, - изҳор доштаанд пизишкон дар Суғд.

Масъулин сабаби афзоиши каждум дар хонаҳои истиқоматӣ ва ҳамлааш ба одамонро ба шиддати гармӣ рабт додаанд.