Диққат!: Приморие муҳоҷиронро ба кор даъват мекунад

Дар чаҳор соли ахир дар Шарқи Дури Русия беш аз 90 ҳазор ҷойҳои кор ташкил карда мешавад. Интизор меравад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба ин минтақаи кишвар ба кор даъват карда шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар Шарқи Дур бо далели норасоии қувваи корӣ корфармоён омодаанд, ки муҳоҷирони меҳнатиро ҷалб кунанд.

Қарор аст, дар чаҳор соли ахирдар Шарқи Дур 90 ҳазор ҷойи кор ташкил шавад.

Тибқи маълумоти Ожонси рушди сармояи инсонӣ, то соли 2025  дар Приморие 120 ҳазор ҷойи кор холӣ мемонад. Барои ҳамин,  минтақа хоҳишмандонро ба кор даъват мекунад.

Дар ҳамин ҳол, тақрибан ба 50 дар сади ҷойҳои холии корӣ муҳоҷирон ҷалб хоҳанд шуд.

Дар Русия тартиби нави сабти номи муҳоҷирон ҷорӣ шуд

Истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди нафту газ, сохтмон, мошинсозӣ, моҳигирӣ,  кишоварзӣ ва сайёҳӣ -  соҳаҳое мебошанд, ки барои рушди бозори меҳнати Приморие муҳим ба ҳисоб мераванд.

Аммо дар аксари ин соҳаҳо норасоии нерӯи корӣ мушоҳида мешавад. Барои ҳамин ба ин минтақа муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Узбакистон, Укроина, Арманистон, Кореяи Шимолӣ ва Чин даъват мешаванд.

Қаблан коршиносон огоҳ карда буданд, ки коҳиши шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия дар 10 сол ахир, боиси камшавии аҳолии ин кишвар мешавад.

ба гуфтаи коршиносон аз соли 2018 селаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия кам мешавад.