Ҳангоми суханронии раисҷумҳур барқро хомӯш карданд (Навор)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он, дар яке аз ҳуҷраҳои Қасри сафед ҳангоми баромади раисҷумҳури Амрико Доналд Трапм барқ хомӯш мешавад
Sputnik

Рӯзи сешанбеи гузашта раисҷумҳури Амрико дар қабулгоҳаш бо вакилони Маҷлиси Амрико дидор кард. Суханро раисҷумҳур аз нақли мулоқоташ бо Владимир Путин дар Хелсинки оғоз кард.

Дар навор дида мешавад, ки чароғ тайи чанд лаҳза хомӯш мешавад. Ин вақт Трамп мегуфт, ки ба иктишофи Амрико боварӣ дорад.

"Ман пурра ба агентони иктишофи Амрико бовар мекунам… Шояд онҳо чароғро хомӯш карданд? ", — мегӯяд нимҷидди Трамп.

Пештар дар рафти нишасти матбуотӣ бо раисҷумҳури Русия Валдаимир Путин Трамп гуфта буд, ки "ба ҳарду ҷониб ҳам бовар мекунад". Ин изҳороти Трамп вокуниши сокинони Амрикоро ба бор овард. Раисҷумҳурро қариб дар хиёнат муттаҳам мекарданд.

Рӯзи душанбе аввалин дидори Трапм бо Путин дар миқиёси комил баргузор шуд. Раисҷумҳурон бештар аз ду соат чашм ба чашм сӯҳбат карданд, сипас ба суоли рӯзноманигорон посух гуфтанд.