ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Захираҳои тилло дар конҳои Тоҷикистон 200 тоннаро ташкил медиҳад, мегӯяд муовини аввали раиси "Тоҷикгеология", Раҳмонбек Бахтдавлатов.
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 40 кони тилло мавҷуд аст ва истихроҷи тилло дар 14 кон сурат мегирад.
Бахтдавлатов тавзеҳ додааст, ки дар дигар конҳои мавҷудбуда барои муайян намудани ҳаҷми захираҳои тилло корҳои геологӣ давом дорад.
"Танҳо пас аз муайян намудани ҳаҷми тилло дар конҳои мазкур, онҳо ба тавозуни давлат гузаронида мешаванд", — таъкид кардааст Бахтдавлатов.
Соли ҷорӣ ба ширкати "Авесто Одина" бораи таҳқиқоти геологии кони Даштакои ноҳияи Ховалинг иҷозатномаи вижа дода шуд.
Вай афзуд, дар Тоҷикистон тақрибан 600 кон мавҷуд мебошад, ки беш аз 800 намуди канданиҳои фоиданокро фаро мегиранд.
Дар тамоми конҳои канданиҳои фоиданок тадқиқоти мутахассисони тоҷик давом дорад.