Вазир: Чархаи 1-и "Роғун" дар Рӯзи Президент ва охирон 2028 фаъол мешавад

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, гуфт иқтидори чархаи аввали нерӯгоҳ барои таъмини пурраи кишвар бо барқ кофӣ нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мегӯяд, чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" имсол дар Рӯзи Президент, 16 ноябр, фаъол хоҳад шуд.

Дар ин бора Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки чархаи дуюми нерӯгоҳи “Роғун” моҳи апрели соли 2019 ва охирон соли 2028 ба кор оғоз мекунад.

Тоҷикистон сармояи оинномавии НБО Роғунро зиёд менамояд

Ба гуфтаи Усмонзода чархаи аввали нерӯгоҳ, ки дар марҳилаи аввал ҳамагӣ 100 МВт иқтидор дорад, барои таъмини пурраи Тоҷикистон бо барқ кофӣ нест.

Вазир афзуд, ки дар назар аст бо гази Узбекистон маркази гармидиҳии “Душанбе 1” фаъол шавад.  Феълан ба гуфтаи масъулин бо гази Узбекистон 12 корхона дар Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи алюминийи тоҷик “Талко” фаъолият дорад.