ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, зимни ҷамъбасти фаъолияти 6-моҳаи ниҳоди тобеяш, маргумири шаҳрвандон, махсусан кӯдаконро ҳангоми оббозӣ мояи нигаронӣ хондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумита, Назарзода ба ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки корҳои пешгирӣ аз хатар дар иншооти обиро таҳким диҳанд.
"Ба мо зарур аст ҳама корро анҷом диҳем, то ки бехатарии одамон таъмин шавад, бахусус кӯдакон дар амну осоиш бошанд ва аз марги онҳо дар обҳо пешгирӣ бояд кард”,-гуфт Рустам Назарзода.
Ӯ таъкид намудааст, ҷойҳое, ки одамон ғайримуташаккилона макони истироҳат интихоб мекунанд, ошкор сохта шаванд. Генерал супориш додааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бештар гарданд ва назорати истифода аз заврақҳое, ки дорои зарфиятҳои камтар мебошанд, пурзӯр шаванд.