Гул шукуфт: Таҷлили “Сайри Лола”-и тоҷикон дар Сибир

Ҷашни “Сайри лола” баробар ба шукуфтани гули лола таҷлил мегардад, вале ба сабаби боду ҳавои Сибир тоҷикони муқими Красноярски Русия ин идро дар тобистон ҷашн мегиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар боғи Тетишеви шаҳри Красноярск иди анъанавии тоҷикон — Сайри Лола баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии мақомоти минтақа.

Дар ҷашни мазкур намояндагони ҷамъиятҳо ва гурӯҳҳои фарҳангиву миллии минтақа, сокинони Красноярск ҳамчунин меҳмонон аз Тоҷикистон ва минтақаҳои гуногуни Русия иштирок намудаанд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ҷамъияти тоҷикони муқими Красноярск барои меҳмонон барномаҳои консертиву мусобиқаи кӯштигирӣ пешниҳод намуданд. Ҳамчунин меҳмонон бо хӯрокҳои миллии тоҷикон низ ошно шуданд.

Чун анъана қисми асосии ҷашни Сайри Лола ин кӯштигирӣ буд. Барои иштирок дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни Русия иштирок намудаанд.

Ҳунарнамоии овозхонони номдори тоҷик бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

"Аз ҳама муҳим мусобиқаи кӯштигирӣ мебошад. Барои тамошо ва иштирок дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз Новосибирск, Иркутск, Кемерово, Маскав, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ба Красноярск омадаанд", — тавзеҳ додааст Ҳайдар Олимов, раиси ҷамъияти тоҷикони муқими Красноярск.

Вай ҳамчунин афзуд, ки дар Красноярск беш аз 150 миллат зиндагӣ мекунад ва тоҷикон мехоҳанд онҳоро ба як қисми фарҳанги худ ошно созанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҷашни Сайри Лола баробар бо шукуфтани гули Лола таҷлил мегардад, аммо вобаста ба боду ҳавои сарди Сибири Русия тоҷикони муқими ин минтақа ҷашни мазкурро дар фасли тобистон таҷлил намудаанд.