Баъди 20 сол: Фаронса дубора қаҳрамони ҷаҳон шуд

Фаронса барандаи Ҷоми Ҷаҳон - 2018 шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Мунтахаби Фаронса дар бозии ниҳоӣ, ки чанд лаҳза пеш дар майдони "Лужники"-и Маскав анҷом ёфт, дастаи Хорватияро бо ҳисоби 4-2 шикаст дода, барои бори дуюм қаҳрамони ҷаҳон шуд. Фаронса соли 1998 мизбони Ҷоми Ҷаҳон буд ва ҷоизаро дар майдони худ ба даст овард. 

Назарпурсӣ: 60% дар Тоҷикистон барои Хорватия овоз доданд

Мунтахаби Хорватия бо гирифтани ҷои дуюм ба беҳтарин нишондод дар таърихи ин кишвар ноил гардид. То ҳол беҳтарин натиҷаи Хорватия дар мусобиқаҳо барои Ҷоми Ҷаҳон нишони биринҷии соли 1998 ба шумор мерафт. 

Пирӯзии Фаронса дар ҳолест, ки ҳудуди 60 дарсади тоҷикистониён зимни як назарпурсӣ баён доштаанд, ки ҷонибдори тими Хорватия мебошанд.