ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон барандаи Ҷоми ҳокими Остона оид ба футбол шуд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии ниҳоӣ мунтахаби наврасони тоҷик, таҳти роҳбарии мураббӣ Зайниддин Раҳимов, дастаи “Шахтёр”-и Қарағандаро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод.
Дар роҳ ба бозии ниҳоӣ тими Тоҷикистон дастаҳои “Иртиш U-17” ва “Астана U-17”-и Қазоқистонро мутаносибан бо ҳисоби 5:2 ва 3:1 шикаст дода, сабқат бо тими Қирғизистонро мусовӣ — 1:1 ба анҷом расондааст.
Мақомоти Қазоқистон ва раёсати Федератсияи футболи ин кишвар дар ҷамъбасти озмун ду навраси тоҷик Нидоёр Забировро ҳамчун беҳтарин зарбазан ва ҳамлагар - Ислом Зоировро беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф кардаанд.
Мусобиқаи Остона барои тими Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ барои иштирок дар Ҷоми Осиё-2018 мебошад, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия баргузор мешавад. Тоҷикистон дар гуруҳи А бо Малайзия (20 сентябр), Ҷопон (23 сентябр) ва Таиланд (26 сентябр) қувваозмоӣ хоҳад кард.