ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар садри як ҳайати воломақом аз Узбекистон боздид мекунад.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Узбекистон, 16 июл дар шаҳри Фарғона мулоқоти Расулзода бо ҳамтои узбекистонияш, Абдулло Орипов дар назар аст.
Ҳайати Тоҷикистонро асосан вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд. Дар назар аст, ки ҷонибҳо сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Узбекистон ва мулоқоти сарони ду давлатро баррасӣ кунанд.