ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Шаби гузашта тими миллии Русия тавонист қавитарин дастаи ҷаҳон тими Испанияро шикаст диҳад.
Дастаи футболи Русия таҳти раҳбарии Станислав Черчесов дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми футболи ҷаҳон дар як бозии аҷиб беҳтарин ва қавитарин дастаи ҷаҳонро шикаст дод. Тими Русия тавонист, дар 120 дақиқаи асосӣ ва дақиқаҳои иловагии бозӣ бар тими Испания истодагарӣ кунад.
Бозӣ бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт.
Ҳамин тавр, дастаи Русия тавонист Испанияро дар силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ шикаст бидиҳад ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёбад.
Қаҳрамони бозии Русия дарвозабони рус Игор Акинфеев шуд, ки тавонист ду зарбаи 11-метраи футболбозони Испанияро баргардонад.
Русия ба даври чорякниҳоӣ меравад. Дар даври баъдӣ Русия бо дастаи Хорватия, ки шаби гузашта мисли дастаи Русия бозиашро бо Дания тавассути силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ пирӯз шуд, рақобат хоҳад кард.
30 июни соли ҷорӣ дар пойтахти Тотористон шаҳри Қазон мусобиқаи Футбол миёни дастаҳои Аргентина ва Фаронса баргузор шуд. Яке аз беҳтарин дастаи футболи ҷаҳон Аргентина натавонист бар тими миллии Фаронса пирӯз шавад.
Ин бозии бисёр ҷолибу бо ҳисоби 4:3 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 13-ум бозингари тими Фаронса Антуан Гризманн ба дарвозаи Аргентина гол зада ҳисобро боз кард.
Дар дақиқаи 41-ум Аргентина бо кӯшиши Анхел Ди Мария ҳисоби бозиро баробар кард. Дар ҳамин ҳол Аргентина, ҳатто тавонист дар дақиқаи 48-ум бо кумаки Габриэл Меркадо ба дарвозаи Фаронса голи дувуми худро бизанад. Аммо дастаи Фаронса дар дақиқаи 57-ум бо зарбаи бисёр зебои Бенжамин Павар ҳисобро баробар кард ва ду голи дигари футболбози ҷавони тими Фаронса Килиан Мбаппе дар дақақаи 64-ум ва 68-ум умеди дастаи Ленонел Мессиро барбод дод.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар дақиқаи 93-юм Серхио Агуэро тавонист ба дарвозаи Фаронса гол бизанад, вале дигар Аргентина натавонист ҳисобро тағйир бидиҳад.
Ҳамин тавр, тимми милли Аргентина дар ҳузури даҳҳо ҳазор ҳаводоронаш шикаст хурд ва бозиҳои футболи Ҷоми ҷаҳонро тарк кард.
Дар бозии дигари ҷолиб тимми миллии Португалия, ки дорои Криштиано Роналдо беҳтарин футболбози ҷаҳон мебошанд, бар дастаи Уругвай пирӯз нашуд ва мисли тими Месси Ҷоми ҷаҳонро тарк кард.
Дастаи Уругвай бо кӯмаки беҳтарин ҳамлагорони худ Эдинсон Каванӣ ва Луиз Суарес дастаи Португалияро бар ҳисоби 2:1 шикаст доданд. Голҳои дастаи Уругвайро дар дақиқаи 7 ва 62-ум Эдисон Кованӣ ба ҳадаф расонд. Дастаи Криштиано Роналдо тавонист танҳо дар дақиқаи 55-ум як гол бизанад.
Дар ҳамин ҳол се тими қавитарин ҷаҳон Испания, Португалия ва Аргентина, ки дорои беҳтарин футболбозон Роналдову Мессиву Инеста мебошанд мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футболро тарк карданд.