Машқи бадан ё Искандаркӯл: сирри ҷавонии Амонбеки 57-сола (НАВОР)

Ҳар субҳ сокини 57-солаи Тоҷикистон Амонбек Неъматуллоев барои машқи бадан ба Искандаркӯл меравад
Sputnik

Амонбек Неъматуллоев дар дави миллӣ ва байналмилалӣ низ ширкат кардааст. Ӯ 57 сол дорад ва сокини ноҳияи Айнӣ аст.

"Гузаштагонамон гуфтаанд, агар солим, зебо ва ҷавон мондан хоҳӣ,  бидав", — мегӯяд вай.

25 соли ахир аст, ки Амонбек дар як рӯз 20-30 км медавад.

Барои тамрин вай Искандаркӯлро интихоб кардааст. Дар навор ӯ пас аз давидан истироҳат дорад.

Амонбек ҳар саҳар соати 4 хеста тамрини бадан мекунад ва сипас дар роҳи байни кӯҳҳо медавад.

"Ман тамоми умр ба варзиш машғул шудаам. Ҳоло 57 сол дорам, аммо худро 30- сола ва гоҳе 20- сола ҳам ҳис мекунам", — мегӯяд вай дар навор.

Ӯ дар сабқатҳои дохиливу хориҷӣ ҳам ширкат карда, медалу ифтихорномаи зиёде ба даст овардааст.

"Беҳтарин дастовардам дар шаҳри Челябински Русия буд. Дар сабқати байналмилалӣ 5 километрро дар 18 дақиқа тай карда, ҷойи чорумро гирифтаам", — мегӯяд вай.

Неъматуллоев орзу дорад, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон дави байналмилалӣ ташкил кунад.

Ҳамчунин вай дар мактаби варзишии ноҳия ҷавононро машқ медиҳад.