Навори занозании муҳоҷирони тоҷику узбак дар Санкт-Петербург

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори занозании муҳоҷирони тоҷику узбак дар шаҳри Санкт-Петербург мунташир шуд
Sputnik

Дар навор дида мешавад, ки пас аз зӯҳр ду гурӯҳи муҳоҷирон дар майдони сохтмонӣ ба ҳамдигар дармеафтанд.

Ҳамин тавр, даҳҳо муҳоҷир дар даст  арматраву сангу калтак гирифта, хархаша мекунанд.

Сабаби занохзанӣ муҳоҷирони Тоҷикистону Узбакистон то ҳол маълум нашудааст.

Аммо дар пайи ин қазия — як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон ва як муҳоҷири 37-солаи узбак ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.