Гардиши коло байни Тоҷикистону Узбакистон ду баробар афзуд

Панҷ маҳи ахир аз Тоҷикистон ба Узбакистон ба арзиши беш аз 54 миллион доллар коло содир шуд ва ҳудуди 40 миллион доллар коло ворид шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik.  Ҳаҷми гардиши молӣ дар миёни Тоҷикистон ваУзбакистон дар 5 моҳ 94 миллион доллар буд, ки шумор дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 2 баробар афзойишро нишон медиҳад, мегузорад хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилои ожонси омори вобаста ба раисҷумҳури Тоҷикистон, Панҷ маҳи ахир аз Тоҷикистон ба Узбакистон ба арзиши беш аз 54 миллион доллар коло содир шуд ва ҳудуди 40 миллион доллар коло ворид шуд.

Бо ин ҳол, Узбакистон баъди Молдова дувумин кишвари хориҷии наздик аст, ки бо Тоҷикистон баланси мусбати бозаргонӣ дорад. Тӯли солҳои истиқлолӣ воридоти колоҳоиУзбакистон ба содироти колоҳои ҶТ афзун буд.