Бори аввал дар Мурғоб толори калони варзишӣ месозанд

Мурғоб яке аз ноҳияҳои вилояти худмухтори куҳистонии Бадахшон аст, ки дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои расмии Тоҷикистон, Вазорати илму маорифи Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Мурғоб толори калони варзишӣ месозад.

Ҷонпулод Қамчибеков мудири бахши ҷавонон ва варзиши ин ноҳия гуфтааст ҳарчанд дар канори бархе марказҳои омӯзишӣ толорҳои хурди варзишӣ вуҷуд дошт, аммо нахустин боре аст, ки чунин толори калон, зебо ва мутобиқ бо стандардҳои рӯз дар инҷо сохта мешавад.

"Вазорати илму маорифи Тоҷикистон барои сохти ин толори варзишӣ, ки токунун 90 дарсади он сохта шуда як миллиону 35 ҳазор сомонӣ ҳазина кардааст", — афзудааст вай.

Дар шароити иқлимии сарди ноҳияи Мурғоб баргузор кардани мусобиқаҳои варзишӣ танҳо дар се моҳи фасли тобистон имконпазир аст, вале бо баҳраварӣ аз ин толори варзишӣ ҷавонони ин ноҳия метавонанд дар тамоми фаслҳои сол ба варзиш машғул шаванд.

Дар ин толор илова бар тамрин ва баргузории мусобиқаҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол, гӯштин, теннис руимизӣ ва имкони баргузории ҳаргуна барномаҳои фарҳангӣ ҳунарӣ вуҷуд дорад.

Мурғоб яке аз ноҳияҳои вилояти худмухтори куҳистонии Бадахшон аст, ки дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.