Дархости Меҳрона аз Рустам Эмомалӣ: дар таъмини манзил кӯмакам кунед

Ширкат дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" ба Меҳрона Ғайбуллоева даст дод то истеъдоди худро сайқал диҳад, вале мутаассифона, ҳама мушкилоти оилавӣ ва маишии ӯро ҳал карда натавонист
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар охирҳоии май тавассути шабакаи НТВ давраи  ниҳоии озмуни мусиқии  байналмилалии "Ту беҳтаринӣ!" сурат гирифт.

Ҳамаи ширкаткунандагон пас аз озмун ба манзил ва мактаб-интернатҳои худ баргаштанд.  Меҳрона Ғайбуллоева низ саҳфаи  нави зиндагии худро пас аз озмун дар Тоҷикистон оғоз кард.

Духтари тоҷик ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки пас аз ширкат дар озмун ба ҳаёти вай чӣ навгоние ворид шуд.

Мехрона Гайбуллоева рассказала о жизни после проекта "Ты супер!"

Меҳронаро Душанбе чигуна пешвоз гирифт

Меҳрона Ғайбуллоева ба давраи ниҳоии "Ту беҳтаринӣ!" нагузашт ва пас аз итмоми идҳои моҳи май ба Тоҷикистон рафт.

"Маро дар Душанбе хело хуб пешвоз гирифтанд",  — мегӯяд духтар ва ба ёд меорад, ки чӣ гуна замони баромад аз фурудгоҳ ӯро ҳамчун як шахсияти шӯҳратманд таҳти садои карнай пазируфтанду ба вай гулдастаи калоне тақдим карданд.

Бо дафу доира: навори пешвози Меҳрона дар фурудгоҳи Душанбе

Ин пазироии гарм, метавонад ҳар нафарро рӯҳбаланд созанд. Дастгирии ҳамватанон Меҳронаро низ илҳоми беандозае  бахшид.

"Муносиботи одамон нисбати ман тағйир ёфтааст, акнун онҳо маро дар кӯчаҳо ва коллеҷ мешиносанду эҳтиромам мекунанд, ба чорабиниҳои бисёре, ки дар Душанбе баргузор мегарданд, даъват мекунанд", — мегӯяд ба шавқ овозхони ҷавон.

Чоруми июн Меҳрона 18-солагии худро ҷашн гирифт. Овозхони ҷавонро ҳазорҳо корбари  Facebook, VKontakte ва Instagram шодбош гуфтанд.

 

 

Албатта, Меҳрона аз чунин таваҷҷӯҳ хеле хӯшҳол гардида, дар зеҳни вай ҳисси боварӣ ба нерӯи худ пайдо шудааст, ҳарчанд ҷиддяти маҷозии духтар тақрибан пас аз табассуми аввалин нопадид мегардад: Меҳрона зуд ва боз ба ҳамон гулдухтари хандонрӯи сертабассуму сеҳрангез табдил меёбад.

"Мехоҳам ба ҳама муштарикини худ ва ҳамаи онҳое, ки маро мухлиси кардаанд, арзи сипос намоям. Нафарони зиёде ба ман менависанд ва дастгириям мекунанд. То озмун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наздики 200 дӯст доштам, ҳоло шумораи онҳо ба 3000 расидааст. Мутаассифона, баъзан ба мактубҳои корбарон посух гуфта наметавонам", — мегӯяд вай.

 

 

Меҳрона аз лоиҳаи "Ту беҳтаринӣ!" чӣ гирифт?

Меҳрона озмунро пас аз марҳилаи нимниҳоӣ тарк кард, аммо ӯ он вақтеро, ки дар чорчӯбаи лоиҳаи "Ту беҳтаринӣ!" гузаронида буд, бо як ҳисси гармӣ ба ёд меорад. Мувофиқи суханони духтар, он чанд моҳе, ки дар доираи лоиҳа сипарӣ шудаанд, ба ӯ малакаҳои муҳими савтиву ҳунарпешагӣ доданд.

 

 

"Аз иштирок дар озмуни байналмилалии "Ту беҳтаринӣ!" ман таҷрибаи бузург гирифтам, дар ниҳоят овози ман кушода шуд. Ман аз муаллимони худ хеле миннатдорам, онҳо ҳамеша пеши назари мананд, бе эшон дилтангам", — эътироф мекунад вай.

Меҳрона афзудааст, ки аз тарк кардани намоиш ва ба давраи ниҳоии озмуни "Ту беҳтаринӣ!" роҳ наёфтанаш, зиёд ғамгин нест.

"Ростӣ, барои ман чизи муҳим ғалаба набуд. Барои он ман андӯҳгин шудам, ки бо дӯстони худ худоҳофизӣ мекунам. Дар 4 моҳ ман бо якчанд нафари онҳо бисёр аз наздик ошно шудам, масалан, бо Артем Семенов, Богдан Вандишев, Вера Ярошик ва Анастасия Пак дӯст шудем. Акнун ман онҳоро хеле ёд мекунам, онҳо ба ман намерсанд", — мегӯяд Ғайбуллоева.

Посухи тунди Меҳрона Ғайбуллоева ба Игор Крутой дар пахши мустақими озмун

Бисёриҳо дар ёд доранд, ки чӣ тавр Меҳрона Ғайбуллоева ба оҳангсоз Игор Крутой дар пахши мустақим ҷавоби дурушт дода буд.

Узви ҳайати доварон тугмачаи сабзи арзишмандро пахш накарду баромади намояндаи Тоҷикистонро танқиди созанда кард. Вай гуфт, ки баромади ту маро ба ҳайрат оварда натавонист. Он гоҳ Меҳрона суханони ӯро қотеъона буриду гуфт: "Ин танҳо фикри шумост, аммо ман чунин мешуморам, ки ширкаткунандаи шоиставу сазовори ғалаба ҳастам". Ҳоло Ғайбуллоева, албатта, аз кори кардааш сахт пушаймон аст.

"Ман хато кардам — бо оҳангсоз Игор Крутой бо лаҳни дурушт ҳарф задам. Ман мехоҳам барои суханони худ бахшиш пурсам. Игор Крутой барои ман —  идеал аст, бинобар ин, ман мехоҳам боз як бори дигар аз эшон пӯзиш хоҳам," — шармгинона мегӯяд вай.

Тибқи гуфтаҳои Меҳрона, ӯ ин амалро зери таъсири эҳсосот кардааст.

"Ман дар ҳарос будам, намехостам ба Тоҷикистон баргардам, чунки медонистам он ҷо маро ҳама мушкилиҳои мавҷуда — манзил ва молиёт — мунтазиранд. Рӯзҳое буданд, ки ман хоб намерафтам, гиря мекардам ва дар бораи ояндаи худ фикр мекардам. Ман барои ҳамаи ин як бори дигар бахшиш мепурсам. Хиҷолатовар аст, вале ин эҳсосоте буд, ки ман алайҳи онҳо муқобилат карда натавонистам, аз кори кардаам сахт пушаймонам", —  эътироф мекунад сароянда.

Меҳрона дар бораи оштӣ бо холааш: чашмони ӯ аз гиря варам карда буд. Навор

Ҳанӯз то сафар ба Маскав байни Меҳрона ва холааш Шаҳло Ғайбуллоева муносибатҳои мураккаб вуҷуд доштанд. Дар пахши мустақим духтар ҳатто барои рафтораш аз холааш, ки ӯро модар гуфта номбар мекунад, бахшиш пурсида буд.

Ҳангоми фуруд омадан ба Душанбе, овозхони ҷавон бо холааш вохӯрда, бори дигар аз вай бахшиш пурсид, аммо пешниҳоди холаашро, ки ба хонаи ӯ раванд, духтар рад кардааст. Мувофиқи гуфтаҳои вай, ӯ ҳанӯз омода нест, ки қадами аввалро гузорад.

"Бо холаам мо ҳеҷ гуна муошират надорем, ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст. Шояд, ин ихтиёри вай ё ин ки аз ман бошад. Ҳеҷ намехоҳам гоми аввалро гузорам, оромона ва алоҳида аз вай зиндагӣ кардан мехоҳам", — маҳзунона эълом мекунад Ғайбуллоева.

Сароянда бар он бовар аст, ки алъон ҳеҷ чиз наметавонад муносиботи онҳоро хуб кунад, ва метарсад, ки агар онҳо мисли пештара ҳамроҳ зиндагӣ кунанд, муноқишаҳои хонаводагӣ тамом намешаванд.

Ҳоло ширкаткунандаи озмуни "Ту беҳтаринӣ!" ният дорад ҷудогона зиндагӣ кунад, ҳарчанд вай иқрор мешавад, ки ин тасмим барои вай ба осонӣ ба даст намеояд.

 

… ва аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш дорад, то ӯро бо манзил таъмин намоянд 

Аз лаҳзаи бозгашт ба Душанбе, Меҳрона "кӯчманчигӣ" мекунад, аз хонаи як дугонааш ба хонаи дугонаи дигараш ва аз сеюмаш ба чорумаш, зеро вай ҷои зисти дигар надорад.

"Дар робита ба масъалаи манзили ман, чизе тағйир наёфтааст. Айни ҳол барои ман хеле душвор аст. Ҳозир ман ба Душанбе омадаам ва дар хонаҳои дугонаҳоям зиндагӣ мекунам. Ман медонам, ки ин нодуруст аст. Як-ду рӯз дар хонаи як дугона, як ё ду рӯзи дигар дар хонаи дугонаи дигар ба сар мебарӣ. Баъд чӣ?! Яқин аст, ки бо чунин тарзи ҳаёт ман абадӣ буда наметавонам", — бо изҳори нигаронӣ мегӯяд вай..

Мувофиқи гуфтаҳои ширкаткунандаи озмуни "Ту беҳтаринӣ!", мудирияти коллеҷе, ки дар он вай таҳсил мекунад, ба ӯ дар хобгоҳ ҷой пешниҳод кардааст, вале барои тасмими мусбӣ гирифтан тарбияи вай халал мерасонад, зеро, охир, дар Тоҷикистон қобили қабул нест, ки духтари ҷавон бидуни назорати хешу ақрабо дар хобгоҳ ва бо одамони бегона зиндагӣ кунад.

"Ман мехоҳам кулбаи худро дошта бошам, ҳамроҳи хоҳаракам зиндагӣ кунам. Пас аз марги модарамон, ғамхору меҳрубони нисбати хоҳарам — вазифа ва қарзи ман аст. Бар ин бино, барои ман беҳтар мебуд, агар мақомоти Тоҷикистон ба ман манзили алоҳида медоданд", — изҳор дошт ӯ.

Пас аз давраи нимниҳоии озмуни "Ту беҳтаринӣ!", муҷрии телевизионии лоиҳа Вадим Такменов  ба мақомоти Тоҷикистон, бо дархости кумак ба Меҳрона дар робита ба ҳалли мушкилоти вай, аз ҷумла таъмини ҷои зист дар Душанбе, муроҷиат карда буд. Аммо, чуноне ки Ғайбуллоева мегӯяд, то ба ин дам роҳи ҳалли масъала аз ҷояш наҷунбидааст.  

"Аз ҳамон лаҳза то ба ҳол ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст. Ман худам ба ҳузури шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ нарафтаам, вале ҳоло аз фурсати муносиб истифода бурда, бисёр мехостам, ки барои таъмини манзил ба ман кумак кунанд, зеро ин ба ман хеле муҳим аст", — мегӯяд Меҳрона.

Аммо, сарфи назар аз ҳама душвориҳо дар Душанбе, овозхони ҷавон рӯҳафтода нашуда, танҳо ба пеш ҳаракат кардан мехоҳад.

"Қабл аз ҳама ман бояд дар назди худам исбот кунам, ки аз ӯҳдаи анҷоми коре баромада метавонам. Худо хоҳад, дар зиндагӣ ман ноком нахам шуд. Мутмаинам, ки ба мақсадҳои худ мерасам. Ҳамчунин ман ба ҳамаи онҳое, ки бо ман буданд, маро дастгирӣ намуда, боварӣ доштанд ва мухлисиям мекарданд, миннатдории худро баён месозам. Ҳазор раҳмат ба шумо!", —мегӯяд Меҳрона бо лаби пуртабассум.

Ба он дастоварде, ки Меҳрона дар 6 моҳ тавонист ба он ноил шавад, назар карда, метавон изҳори умедворӣ кард, ки Меҳрона Ғайбуллоева мақсадҳояшро амалӣ мекунад ва сарояндаи ҳирфаӣ мешавад.