ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург дар риоя нагаштани қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмони кӯдакистон ҳалокат расид. дар ин бораи хабаргузории "Фонтанка" хабар медиҳад.
Мақомомти тафтишотии Санкт-Петербург бо далели вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сохтмон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Тавре тафтишот муайян кардааст, 1 июн дар рафти сохтмони кӯдакистон кодоки зинапоя ба болои муҳоҷири ҷавон сарозер шудааст. Мард дар роҳ ба бемористон ба халокат расидааст.
Пас аз ин ҳодиса, Кумитаи давлатии назоратии сохтмони Санкт-Петербург ин сохтмонро тафтиш кард. Дар натиҷа муайян шуд, ки дар сохтмони бино қоидаҳои бехатарӣ дағалона вайрон карда шудаанд.
Кумитаи тафтишотии Русия бошад, сабабҳои дигари фоҷиаро баррасӣ мекунад.
Пештар хабар дода шуд, ки дар майдони сохтмонии Санкт-Петербург сокини 24-солаи Тоҷикистон ҷароҳатҳои вазнини марговар бардошта, аз зарба ба бочкаи обдор фавтид.
Ҷавон ба сохтмони иншоот дар майдони ҷазираи Петровский-и шаҳри Санкт-Петербург машғул буд, дар ҳоле ки бочкаи об ба сараш афтид.
Сипас ӯро ба Академияи тиббӣ-ҳарбӣ бурданд. Табибон вазъияти ҷавонро хеле душвор арзёбӣ карданд. Новобаста аз тамоми кӯшишҳои мутахассисон, наҷот додани мард имконнопазир буд..