Солеҳов дар бораи шахсияти маъруфи Тоҷикистон Нисор Муҳаммад филм ба навор мегирад

Дар филми мустанад Сафарбек Солеҳов роҷеъ ба саҳми Нисор Муҳаммад дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Миёна таи солҳои 1920-30, нақл мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн- Sputnik. Коргардони маъруфи тоҷик барои чанд ҳафта баҳри наворгирии филми нави мустанади худ ба Маскав омад.

Филм ба тасвири ҳаёти аввалин комиссари маъорифи халқи Тоҷикистон Нисор Муҳаммад бахшида мешавад.

Аҷиб аст, ки ҳангоми ҷустуҷӯи баъзе маълумотҳо дар бораи Нисор Муҳаммад дар интернет, танҳо ҷойгиршавии кӯчаи ҳамноми ӯро дар шаҳри Душанбе нишон медиҳаду, халос. Дар бораи шахсияти ӯ тақрибан дар ҳеҷ ҷое зикр намеравад.

Нарком просвещения Таджикистана Нисор Мухаммад

Сафарбек Солеҳов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки зиндагиномаи аввалин комиссари маъорифи халқи Тоҷикистон Нисор Муҳаммадро тақрибан дона ба дона ҷамъ кардааст.

"Ба ман Давлат Худоназаров хеле кӯмак кард: солҳои 1970-ум вай шахсан бо хонуми марҳуми Нисор Муҳаммад вохӯрдаву, бо духтаронаш низ сӯҳбат доштааст", — нақл кард ба Sputnik Тоҷикистон Солеҳов.

Ба коргардон муяссар гардидааст, ки хешу табори Нисор Муҳаммадро дар Маскаву Пешовари Покистон пайдо кунад ва бо эшон ҳамсӯҳбат шавад.

Васияти гумшудаи шоир: Оромгоҳи устод Лоҳутиро ба Тоҷикистон барем?

"Нисор Муҳаммад соли 1897 дар Ҳиндустон таваллуд шуда, сипас ба Осиёи Миёна гурехтааст. Дар он ҷо вай яке аз аввалин комисарони маъорифи халқи Тоҷикистон мегардад. Худатон тассавур кунед: одам он қадар ба тоҷикӣ хуб ҳарф мезаду тавзеҳ медод, ки ӯро намояндаи фарҳангии тоҷикон дар муҳимтарини комиссияи он замон таъйин мекунанд. Ин худ ба худ ҳайратовар аст", — шарҳ дод Солеҳов.

Зиндагии шахсии Муҳаммад таваҷҷӯҳро боз аз он ҷиҳат ба худ ҷалб мекунад, ки тамоми умри худро барои рушду инкишофи Осиёи Миёна бахшидааст.

"Ҳар чизе, ки бо фарҳангу маъорифи мо дар авоили асри ХХ алоқаманд аст, ба номи вай иртибот дорад. Нисор Муҳаммад барои кушодани мактабҳо, аввалин кӯдакистон, китобхона ва омӯзишгоҳҳо дар саросари Осиёи Миёна — Тошканд, Самарқанд, Фарғона, Душанбе ва Хуҷанд — ниҳоят корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст", — тавзеҳ дод коргардон.

Барои ҷамъоварии мавод дар робита ба ин филми мустанад на як солу ду сол сарф шудааст. Коргардон тадриҷан дастнавис ва аксҳои олимро пайдо мекард.

"Ба ман муяссар шуд, ки маводи бисёр ҷамъоварӣ кунам, гарчанде дар аввал маълумоти кам ва танҳо як сурати Нисор Муҳаммадро дар даст доштам. Ҳамчунин ман як дафтарчаи ӯро ёфтам, ки дар он вай ашъори ба забони форсиро ҷамъ кардаву худ ҳам кӯшиши шеърнависӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин фолклори тоҷикро ҷамъоварӣ намуда, ки ман дар байни коғазҳои ӯ китоби хеле шавқовареро пайдо кардам. Номаш "Маҷмӯаи рубоӣ ва афсонаҳои тоҷикони Шуғнон" (1923) аст", — гуфт Солеҳов.

Тамоми ҳуҷҷато ва аксҳои комиссари маъорифро хонуми дуюми ӯ нигоҳ доштааст. Парвандаи авроқи Нисор Муҳаммад ҳамчун мерос ба се духтари вай, аммо баъд аз марги ӯ — ба набера ва аберагони вай гузаштааст. Бо ҳар кадоми набера ва аберагони Сафарбек Солеҳов шахсан вохӯрда, аз эшон дар бораи ҷадди машҳурашон пурсон шудааст.

"Албатта, соли 1957 ӯро сафед карданд, ман ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дар ин робита дорам, аммо кор аз ин осон намешавад. Ӯ чӣ қадар боз кор карда метавонист", — нафаси чуқуре мекашад Сафарбек.

Баъд аз наворбардорӣ дар Маскав, коргардон ба Покистон парвоз хоҳад кард то хонаеро, ки дар он Нисор Муҳаммад таваллуд ва бузург шудааст, зиёрат кунад, аз хешу табори эшон дар бораи кӯдакӣ ва ҷавонии комиссари ояндаи маъорифи халқ маълумот ҷамъ оварад.

"Ман мехостам, ки ба сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов миннатдории худро баён кунам. Вай ҳама чизро ба анҷом расонд то корҳои мо барор гиранду пеш раванд. Ба ман дар ҳама ҷо кумак карданд — ҳамоҳангӣ, ба даст овардани иҷозат, ёрдам бо таъмини нақлиёт, техника ва ғайраҳо. Бидуни дастгирии сафир ҳеҷ чиз намешуд", — эътироф мекунад Солеҳов.

Чанд рӯз пеш дар қабри умумии №1-и гуристони Донской-и Маскав лавҳае насб шудааст: "Нисор Муҳаммад, комиссари маъорифи халқи Тоҷикистон".

Риштаи зиндагии фоҷиабори Нисор дар соли 1937 канда шудааст. Вақте ки Носир Муҳаммадро парронда буданд, ӯ ҳатто 40 сол надошт.

Умедворем, ки бо шарофати заҳматҳои Сафарбек Солеҳов, ки корҳои муҳимму зиёдеро дар барқароркунии тарҷумаи ҳоли олим ба анҷом расонидааст, хотира аз ӯ дар таърихи Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад.