"Бедор шав ва Аллоҳро ёд кун": чигуна Маҳмуд ва Аҳмад сокинонро ба суҳур даъват мекунанд

Мусаҳҳиротиён нафаронеанд, ки дар моҳи шарифи Рамазон тақводоронро аввал дар бораи вақти суҳур ва баъд дар бораи оғози рӯза, хабар медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. "Бедор шав, хобида! Ҳамду сано кун Аллоҳи таолоро!". Дар кӯчаи печидаи сангфарши шаҳри мисрии Аз-Зақозиқ, ки дар паҳнои дарёи Нил воқеъ аст, пеш аз дамидани субҳ ду мард бо либосҳои миллӣ ва дар даст найи мизмор ва табли арабӣ, тантанавор роҳпаймоӣ мекунанд.

Хабаргузории РИА Новости гузориш додааст, ки чигуна дар Миср бародарон Маҳмуд ва Аҳмад мардумро барои тановули суҳур бедор мекунанд.

Анъанаҳо алайҳи пешрафт

Бародарон Маҳмуд ва Аҳмад Абдоҳо — мусаҳҳиротӣ (ё ба лаҳҷаи мисрӣ мисаҳҳиротӣ) мебошанд, ки аз забони арабӣ ҳамчун "бо овози баланд расонидани муждаи суҳур" (вақти субҳи моҳи шарифи Рамазон, ки мусулмонони рӯзадор бори охир қабл аз тулӯи офтоб, метавонанд ғизо хӯранд) тарҷима мешавад. Ин касб қадима буда, дучори нестшавист: охир, дар асри фанновариҳои пешрафта одамон-соатҳои зангуладор ба кӣ лозим аст, вақте  дилхоҳ смартфон метавонад дар бораи вақти намоз, тулӯъ ва ғурӯби шамс, давомнокии рӯза ва бедор кардан дар ҳар лаҳзаи шабонарӯзӣ, огоҳ созад?

"Қаблан, кӯчаҳо дар моҳи шарифи Рамазон пеш аз тулӯи офтоб холӣ буданд, мардум танҳо ба мусаҳҳиротиён такя мекарданд, ки вақти суҳурро аз даст надиҳанд — онҳо бо овоз ё ягон садои баланди дигар хоббудагонро бедор мекарданд. Имрӯз, сарфи назар аз он, ки кӯчаҳо тамоми шаб серодам аст, мусаҳҳиротиён бахше аз мероси маданӣ боқӣ мемонанд, он анъанаи Рамазон, заррае аз таърихи қадимии мост, ки мо кӯшиш ба харҷ медиҳем то онро нигаҳ дорем", — касби худро ҳифз карда мегӯяд Маҳмуд.

Рӯза барои нерӯмандон: дар Рамазон чӣ корҳо раво асту чӣ нораво

Ба эътиқоди мардум, касби мусаҳҳиротӣ ҳанӯз дар замони паёмбар Муҳаммад (с) пайдо шуда будааст, вақте ки аввалин муаззинҳо (даъватгарон ба намоз) дар моҳи шарифи Рамазон ба тақводорон дар бораи фарорасии замони суҳур, ва сипас — дар бораи саршавии рӯза хабар медодаанд. Одатан мусаҳҳиротиёни мисрӣ хоббудагонро бо садои зарби табли арабӣ бедор мекардаанд, дар Яман ва Мағриб — дарҳои хонаҳоро мекубидаанд, дар Сурия ва Лубнон бошад, — сурудҳои махсуси Рамазонро мехондаанд.

Касби мавсимӣ

"Инро метавон касби мавсимӣ номид. Мо аз рӯзи аввали Рамазон мусаҳҳиротӣ мешавем ва бо охирин ба итмом мерасонем. Соати дувоздаҳи шаб мебароему, то субҳ дар кӯчаҳо мегардем. Ду соат қабл аз тулӯи офтоб мардуми маҳаллаи худамонро, ки дар он ҷо кор мекунем, бедор месозем. Албатта, ҳоло ин як анъана ва дилхӯшӣ барои кӯдакон шудааст, аммо барои виҷдонамон мо кор мекунем — ҳамаро бедор мекунем, шояд ин на ба ҳама писанд ояд", — хандакунон мегӯяд Аҳмад.

Барои хизматрасониҳои мусаҳҳиротиён музди ночизе ва ихтиёрӣ пешбинӣ шудааст, албатта, ва аксари вақт дар тамомшавии моҳ, замони Иди Фитр дода мешавад. Илова бар ин, бародаронро аксар вақт ба хонаҳо даъват ва бо суҳур меҳмондорӣ мекунанд. Онҳо чунин меҳмондориро бо дилу ҷон мепазиранд.

"Охир, мо ҳамеша бо пой ростем, на хӯрда метавонему, на нӯшида, барои ҳамин ҳам, моро ба меҳмонӣ даъват мекунанд то мо низ каме суҳур бихӯрем. Баъд аз Рамазон бошад, дар рӯзҳои Иди Фитр, мо хона ба хона мегардем, ҳамаро табрик мекунем, метавонем тӯҳфачаеро қабул намоем, шириниеро аз дасте бипазирем", — қисса мекунад яке аз онҳо.

Коргарони Роғунро аз рӯзагирӣ "озод" карданд

Охиринҳо дар касб

"Мусаҳҳиротиён акнун хеле нодир шудаанд, дар аксар минтақаҳо роҷеъ ба ин анъана қариб, ки тамоман фаромӯш кардаанд, ё магар ғайри ин аст?", — суол медиҳем мо.

"На, ин тавр нест! Мо бисёрем. Ба ҳар як мусаҳҳир одатан як ё якчанд маҳаллаи шаҳр рост меояд. На дар ҳама ҷо, албатта. Ҳар кас барои минтақаи худ ҷавобгӯ аст, кам вақт мешавад, ки дар як маҳалла ду мусаҳҳиротӣ кор кунанд. Одатан як шахс кор мекунад", — иброз доштанд бародарон.

"Аммо мо умуман беназирем — бубинед як оркестри куллем: табл ва най. Мизоҷони мо хушбахтанд, зеро бо оҳанги зебову дилрабои мусиқӣ бедор мешаванд", — ҳазл мекунанд онҳо.

Чор гурӯҳи одамон, ки намозашонро Худованд дар моҳи Рамазон қабул намекунад

Ҳангоме, ки афсонаи навбатии Рамазон хотима меёбад, Маҳмуд ва Аҳмад аз мусаҳҳиротиёни сеҳргари гузашти дур ба деҳқонҳои муосир ва мусиқичиёни моҳир табдил меёбанд. Дар рӯзҳои оддӣ, вақте ки ҳеҷ касро бедор кардан лозим нест, ҳар ду бародар дар меҳмонхона ва тӯйҳо консерт баргузор мекунанду, музд мегиранд.

Онҳо малакаҳои худро дар гурӯҳи мусиқии "Найи халқӣ" сайқал дода, мусиқии қадимаи мардумиро иҷро менамоянд то онро барои наберагону аберагонашон ҳифз намоянд, ки шояд эшон дигар ҳеҷ гоҳ мусаҳҳиротиёни ҳақиқиро дар паси корашон набинанд.