Шикасти "Истиқлол" аз дастаи "Хуҷанд"

Чаҳор голи дастаи "Хуҷанд"-ро Ҳасан Рустамов, Фарҳод Тоҳиров, Ҳикматулло Расулов ва Дилшод Бозоров ба ҳадаф расонидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нимаи дуюми рӯзи 24-уми май дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Истиқлол" баргузор шуд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати Суғд.

Ин бозӣ бо ҳисоби 4 – 3 ба фоидаи соҳибони майдон, дастаи "Хуҷанд" ба анҷом расид.

Сармураббии дастаи "Истиқлол" Муҳсин Муҳаммадиев истеъфо дод

Дар дақиқаи 21-уми бозӣ футболбози дастаи "Истиқлол" Николай Зенко ҳисобро боз кард.

Дар дақиқаи 24–ум Нозим Бобоҷонов голи дуюми меҳмонро ба ҳадаф расонд. Муаллифи голи сеюми дастаи "Истиқлол" Ромиш Ҷалилов гардид.

Ҳасан Рустамов, Фарҳод Тоҳиров, Ҳикматулло Расулов ва Дилшод Бозоров муаллифони голҳо аз дастаи "Хуҷанд" гардиданд.

Ҳамин тариқ "Хуҷанд" дар ҷадвали мусобиқа бо 23 имтиёз пешсаф гардид. "Истиқлол" дар зинаи дуюм ва "Хатлон"-и Бохтар бо 13 имтиёз дар зинаи сеюм қарор доранд.