Садҳо тоҷикони рӯзадор дар "Хаймаи Рамазон" барои адои намоз, шунидани амри маъруф ва кушодани рӯза дар назди масҷиди Ҷомеъи Маскав ҷамъ шуданд.
Пеш аз оғози ифтор намояндагони муфтиёти Маскав аз саҳми муҳоҷирони тоҷик дар иқтисоду иҷтимои Русия сухан гуфта, намояндагони сафорати Тоҷикистон дар бораи чорабиниҳоие мисли "Хаймаи Рамазон"-чун иттиҳоди мусалмонон ва якдиливу бародарӣ гуфтанд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини муфтии Русия саҳми тоҷиконро дар зиндагии иқтисодии Маскав таъкид намуд.
"Бидуни бародарони тоҷик зиндагӣ дар Маскав ғайри имкон аст. Қаблан ҳамаи корҳо мушкил бар гардани мардуми дигар миллатҳо буд. Вале имрӯз масъулияти иҷтимоииву иқтисодӣ бар шонаҳои бародарони тоҷики мо гузошта шудааст. Ман аз шумо сипосгузорам" — сипосгузорӣ кард меҳмононро Марат.
Дар умум чандсад тоҷики рӯзадор дирӯз дар "Хаймаи Рамазон" ҷамъ шуда буд.