Сарсонии осебдидагони тарма дар Хоруғ: интизории 4-сола ва ваъдаи нави ҳукумат

Чигуна тарма Сабзпариро бехона кард ва чаро чор сол боз ваъдаи ҳукумат амалӣ намешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Осебдидагони тарма дар Хоруғ мегӯянд, соли чорум аст, ки бехонаю бемору сарсонанд. Ҳукумат дар манзилҳои навбунёди Хоруғ, ки бар асоси кафолатнома бояд ба осебдидагон аз офати табиӣ ҳам дода мешуданд, кормандони давлатиро ҷой карда, ба хонаводаҳои ҷабрдида ваъдаҳои нав дод.  

Сабзпарӣ, модари бемор ҳамроҳи  ду фарзанд ва шавҳараш Олиммамад Бекмамадов аз ҷумлаи оилаҳои хонахаробшудае мебошанд, ки феълан  дар ҳуҷраи хурде дар бинои  куҳнаи собиқ бемористони пусти Хоруғ иқомат доранд.  Дар ин ҳуҷра, ки ҳукумати ВМКБ ҳамчун иқоматгоҳи муваққатӣ додааст,  хонаводаи ҷабрдида соли чорум аст, ки хонаи ваъдагии мақомотро интизоранд.

"Ин ҷо ягон шароит нест. Не ҳоҷатхона, не об ва на гармӣ… Дигар тоқати зиндагӣ дар ин ҳуҷраро надорем. Намедонем куҷо равем?" — гила дорад Сабзпарӣ.

1 / 4
Манзили Сабзпарӣ дар беморхонаи пешини пусти шаҳри Хоруғ
2 / 4
Манзили Сабзпарӣ дар беморхонаи пешини пусти шаҳри Хоруғ
3 / 4
Манзили Сабзпарӣ дар беморхонаи пешини пусти шаҳри Хоруғ
4 / 4
Манзили Сабзпарӣ дар беморхонаи пешини пусти шаҳри Хоруғ

Дар чунин шароити тоқатфарсо Сабзпарӣ аз 10 соли хонасозияш дар кӯчаи Ниводаки Хоруғ ёд карда, илова намуд, ки шоми 21-уми феврали соли 2015 тарма дар чанд лаҳза манзили навбунёдашро бо тамоми ҷиҳоз хароб кард:

"Мо аввал ҳуҷрачаеро дар дохили хонаамон барои зиндагӣ омода кардему дигар ҳуҷраҳоро бо даст додани маблағе соз мекардем. Қариб дар давоми даҳ сол ҳамсарам аз Русия пул мефиристоду ман бо вуҷуди зан буданам гоҳе девор сафед мекардаму гоҳе ранг мекардам.  Марҳила ба марҳила яхдон, оинаи нилгун, тафдон ва ғайраҳоро харидему  барои зиндагӣ як шароити хубе фароҳам шуд", — нақл кард Сабзпарӣ.

Тарма дар шаҳри Хоруғ шаш хонаро вайрон кард

Тарма омаду кулбаи орзуҳоро вайрон кард

Аммо иқомат дар манзили навбунёд як сол ҳам давом накард. Шоми 21 феврали соли 2015 тарма манзили ду хонавода — Бекмамадов Олиммамад ва Ғуломҳайдаров Ғуломҳайдарро пурра хароб кард.  

Сабзпарӣ ҳаводиси он шоми барои хонаводаашон шумро чунин қисса кард: "Бегоҳ чун одат аз дидорбинии волидон баргаштам. Ҳамроҳи писарам, ки он замон синфи 5 буд ва ҳамсарам қасди ба хона даромадан доштем, ки ногоҳ писарам садо баровард. Нанҷон (модар ба забони шуғнонӣ-шарҳ аз идора) тарма омад. Нигоҳ кунед тарма хонаамонрро хароб мекунад. Фикр кардам, ки чун ҳамеша тарма каме ғур ғур мекунаду паст мезанад. Вале боди тундеро дар рӯям эҳсос кардам ва пас аз чанде аз ҳуш рафтам".

Модари оила то ба ҳуш омад, ки аз манзили бо "дастони худ" сохтааш чизе боқӣ намондааст. Ба гуфтаи Олиммамад Бекмамадов, шавҳари Сабзпарӣ, аз ҷиҳози хона танҳо курпаҳоро бо зӯр аз таги тарма кашиданд ва ҳуҷҷатҳоро оҷилӣ аз дохили ҷевон тавонистаанд берун бароранд: "Дигар-яхдону оинаи нилгун, ҷевону тафдони муосир ва чанд ҷиҳози сохти Русия, ки бо худ оварда будам, ҳамааш зери тарма монд", — изҳор дошт Бекмамадов.

Беморӣ-пас аз тарма: ҳатто равоншиносе бо мо суҳбат накард

Ба нақли Сабзпарӣ пас аз ин ҳодиса саломатии  ӯ ва хонаводааш низ осеб дид. Модари оила гирифтори бемории ваҳм ё худ саръ шудааст.

Тарма роҳҳоро дар Бадахшон баст

"Тавси  воқеа дар дили мо мондааст. Ҳар гоҳе, ки дар бораи манзилам фикр мекунам маро ваҳм меқапад. Писарам, ки тарма дар пешаш хонаамонро хароб кард, дар дилаш тарс дорад. Ҳар гоҳе овози баланд шунавад гӯшҳояшро сахт дошта, ба кунҷи хона меравад", —гуфт Сабзпарӣ ва афзуд, ки шояд агар дар вақташ  кӯмаки равонӣ мегирифтанд, гирифтори ин ҳолат намешуданд.

Ваъдаи ҳукумат ва соли 4-уми интизорӣ…

Аз нақли осебдидагон Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон на танҳо дар ироаи кӯмаки равонӣ балки дар пешниҳоди ёрии моддӣ низ таъхиркорӣ дорад.  Ба гуфтаи Сабзпарӣ ҳукумати шаҳри Хоруғ дар рӯзи аввал ваъда дода буд, ки ба ду хонаводае, ки дар паи тарма хона бар дӯш шуданд, бе навбат манзилҳои нав дода мешавад.

Шавҳари Сабзпарӣ илова кард, ки аз раиси шаҳри Хоруғ кафолатнома ҳам дарёфт кардаааст, ки дар он гуфта мешавад: "Ба шаҳрванд Бекмамадов Олиммамад  дар бинои "Б"-и хонаҳои истиқоматии нӯҳошёна воқеъ дар маҳаллаи Носири Хусрав аз ҷониби мақомоти шаҳри Хоруғ  ба таври ройгон манзили шахсӣ ҷудо карда мешавад".

Гарантийное письмо

 

Ин бинои нӯҳошёна моҳи апрели соли 2018 ба истифода дода шуд, вале хонаводаи Бекмамадовҳо ҳоло ҳам дар ҳуҷраи хурди собиқ беморхонаи пӯсти шаҳри Хоруғ ба сар мебарад.

"Мо хело умед доштем. Фарзандонам аз шодӣ, ки ба хонаи нав меравем, рӯз ҳисоб мекарданд.  Сад дарсад бовар доштам, ки акнун пас аз чандин соли машаққат мо албатта соҳиби хона мешавем. Вале ба мо ҷавоби рад доданд. Ин хонаҳо ба кормандони мақомоти қудратӣ ва хизматчиёни давлатӣ тақсим карда шуданд", — гуфт Сабзпарӣ.

Ҳукумати Хоруғ: шабу рӯз дар фикри хонаводаҳои беманзил ҳастем

Кӯмаки Бухоризода ба ду хонаводаи ниёзманди Хоруғ

Нилуфар Асламшоева, сухангӯи раиси ВМКБ,  дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, сохтмонҳои нуҳошёна, ки бори нахуст дар таърихи ВМКБ сохта шудаанд, аз ҳисоби Бунёди захиравии раисҷумҳури Тоҷикистон бунёд гардиданд.

"Дар марҳилаи аввал,  дар 89 манзил хонаводаҳое ҷо карда шуданд, ки манзилҳояшон ба хотири сохтмони театри шаҳри Хоруғ ва дигар иншооти фарҳангӣ бардошта шуданд.  Ҳукумати шаҳри Хоруғ ба ин манзилҳо робитае надошт. Онҳо аз ҳисоби маблағҳои бевоситаи Бунёди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохта шуданд ва ҳангоми ба истифода додану тақсими онҳо ҳам фармон аз ҷониби Дастгоҳи раисҷумҳур содир мешавад".

Асламшоева аз вазъияти ноором дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ёдоварӣ карда гуфт:

"Амнияти мардум барои ҳукумат бисёр муҳим аст, аз ин рӯ қисми дуюми биноҳои нӯҳошёна, ки моҳи апрели соли 2018 ба истифода дода шуданд,  барои хизматчиёни низомӣ тақсим шуданд. Ин манзилҳо моли шахсии кормандони ҳифзи ҳуқуқ набуда, тибқи қарордоди имзошуда, то замони фаъолияташон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба онҳо дода шудааст".

Аммо Олиммамад Бекмамадов  аз қавли чанд корманди ҳукуматӣ мегӯяд,  дар бинои нӯҳошёнаи қисми "Б" то ҳол даҳҳо манзили иловагӣ мавҷуданд.  "Аммо аз чӣ бошад моро ба ин хонаҳо кӯчониданӣ нестанд",-изҳори тааҷҷуб кард Бекмамадов.

Дар ин росто Илҳом Мародасенов раҳбари дастгоҳи  раиси Хоруғ ва сухангӯи шаҳрдорӣ, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Ҳукумат шабу рӯз дар фикри 20 хонавода, аз ҷумла оилаи Бекмамадовҳо ва Ғуломҳайдаровҳо ҳаст, ки дар паи офатҳои табиӣ бе манзилу ҷой мондаанд ва барои таъмини онҳо бо манзил ҳар кори аз дасташ омадаро анҷом медиҳад.

"Ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар маҷлис таҳти раёсати раиси вилоят масъалаи ҳар чӣ зудтар ба итмом расонидани сохтмони бинои чорошёна аз ҳисоби буҷаи вилоят баррасӣ шуд. Раиси вилоят чанд бор таъкид кард, ки ин бино бояд ҳар чӣ зудтар,  дар давоми се-чор моҳ сохта шавад. Ва дар навбати аввал хонаводаи Бекмамадовҳо (чун аз аҳволи бемории Сабзпарӣ огоҳанд-шарҳ аз идора), бо хона таъмин мешаванд. Раиси вилоят ба ин хонавода ордер ҳам додааст", — гуфт сухангӯи шаҳрдорӣ.

Ба қавли Мародасенов раиси вилоят таъкид кардааст, ки бигзор дар сурати омода шудани қисми асосии бино, бархе хонаводаҳои сахт ниёзманд дохили онро барои худ соз кунанду маскун шаванд. 

"Ҳукумат ҳам шабу рӯз дар фикри ҳамин хонаводаҳои зарардида аст ва беш аз дигарон мехоҳад, ки ҳар чӣ зудтар оилаҳои беманзил соҳиби хонае шаванд", — гуфт Мародасенов.

Ба гуфти ин масъули шаҳрдорӣ то фасли тирамоҳ бинои чорошёна сохта мешаваду ин хонаводаҳо бо манзили зист таъмин мегарданд.

Вале Сабзпарӣ ва Олим дигар бовар надоранд.

Аммо Сабзпарӣ ва Олим бо зикри кафолатномаҳое, ки ҳукумат барояшон доду иҷро накард, таъкид намуданд, ки ба ваъдаҳои нав чандон боварӣ надоранд. "Агар ба мо хона  доданӣ набошед пас чаро кафолатнома медиҳед? Мо бояд чӣ кор кунем? Дигар ба ҳукумат бовариам намондааст. Намедонам чӣ мешавад", — гуфт Сабзпарӣ.

Дар ҳамин ҳол сарвари хонавода Олиммамад Бекмамадов барои таъминоти кӯдакону ҳамсари бемораш боз озими Маскав шудааст. Ӯ ки феълан дар ширкати сохтмоние кор мекунад, афзуд, аз дурӣ наметавонад ба таври лозимӣ қазияи манзили зисташро пайгирӣ кунад.

Зиндагии 100 ҳазор нафар дар Тоҷикистон таҳти хатар монд

Ҳамасола дар Тоҷикистон аз офати табиӣ садҳо нафар хона бар дӯш мешаванд. Тибқи омори расмӣ тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст.

Дар ин давра бар асари офатҳои табиии гуногун тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз 100 ҳазор нафар таҳти хатар мондааст.