ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар даври 9-уми Лигаи олии кишвар бозии байни дастаҳои футболи "Истиқлол" —и Душанбе ва "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд, хабар медиҳад ФФТ.
Ягона голи ин бозиро ҳамлагари белорусии дастаи "Истиқлол" Николай Зенко дар дақиқаи 12-уми рақобат ба дарвозаи ҳарифон зада, пирӯзии дастаашро таъмин кардааст.
Пас аз ин пирӯзӣ дастаи футболи "Истиқлол" соҳиби 20 имтиёз гардида, дар зинаи 2-юми ҷадвал қарор дорад.
Ҳоло дар зинаи аввал бо 20 хол дастаи футболи "Хуҷанд" ҷой гирифтааст.
Ногуфта намонад, ки дастаи футболи "Истиқлол" як бозии мавқуфгузошта дар ихтиёр дорад.