ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Рӯзи 20 май дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити умуми ҳукумати вилоят.
Гуфта мешавад, ки дар он беш аз 25 ҳазор нафари касбу кори гуногун ширкат кардаанд.
Дар қатори ҳазорҳо нафар сокинони маркази вилоят раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ дар чорабинӣ ширкат кардааст.
Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури сокинон суханронӣ карда, аз дастгириҳои Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ёдоварӣ карда ва баргузории Дави миллиро ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим иқдоми муҳиму саривақтӣ гуфтааст.
Манбаъ афзуда, ки чорабинии варзишӣ аз назди Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" оғоз ёфта, то назди Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт ва дар охир ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби раиси вилоят Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар умум дар вилояти Суғд беш аз 96 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ширкат кардааст.