Ҳалокати се кас дар паи ҳуҷум ба калисои Грозний. Навор

Ду корманди пулис ва як сокини маҳаллӣ рӯзи шанбе дар натиҷаи ҳуҷуми ҷангиён ба калисо ҷон бохтанд
Sputnik

Чор ҷангҷӯй ба калисои Архангел Михаили Грозний ворид шуда қасд доштанд мардумро гаравгон гиранд.

Дар паи баргузории амалиёти вижа, пулис ҳар чор ҷангҷӯйро нобуд кард. Дар паи ин қазия ду корманди пулис ва як сокини маҳаллӣ ҳалок шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҳамла ҳамчунин як ҷарроҳи шӯъбаи кӯдаконаи ноҳияи Гудермес захмӣ шудааст.

Сергей Абасов масъули калисо гуфтааст, ки пас аз ин воқеъа мардум дар ҳолати шокӣ қарор дорад.

Ба гуфти Владимир Лигойда сухангӯи калисои Маскав-ин кӯшиши барангехтани низоъ миёни мусалмонон ва масеҳиён аст. 

"Боз як кӯшиши теруристон барои ҷангандозии мусулмонон ва масеҳиён", — навиштааст Лагойда.