Коршинос: ҷаримаҳои нав муҳоҷирро аз корфармои бевиҷдон ҳимоя хоҳад кард

Коршинос Игор Белобородов дар бораи таъсири ҷаримаҳои нави қонунгузории Русия ба муҳоҷирон, нақл кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Русия мехоҳанд барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷаримаҳои нав ворид кунанд. Ин ҷо гап дар бораи ҷазои муҳоҷир ва корфармои ӯ, дар робита ба адами шартномаи расмии меҳнатӣ, меравад.

"Яке бидуни дигар вуҷуд дошта наметавонад: мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ (на бо муҳоҷирон, балки бо муҳоҷират чун падида) бидуни нишон додани зиддият ба иқтисоди сиёҳ имкон надорад, зеро ҳама чиз ба ҳам пайваст аст", — гуфт ба Sputnik Тоҷикистон коршиноси аршади Донишкадаи Тадқиқоти Стратегии Русия Игор Белобородов.

Бо андешаи вай, азбаски корфармоён ё муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ ҳастанд, давлат ҳаққи пурраи ҷарима кардани ину онро дорад.

"Чаро аз ҳисоби онҳо хазинаро пур накунем. Мақсад хуб аст. Аммо аз ду сар як муддати одаткунӣ хоҳад гузашт, на ҳама чиз фавран ба вуҷуд меояд. Аз ҳисоби онҳое, ки дар ҳақиқат намефаҳманд, ё худро чунин вонамуд мекунанд, ки намефаҳманд, мумкин аст буҷаи давлатро хеле хуб пур кард", — мешуморад Белобородов.

Намояндаи Дума пешниҳод кард муҳоҷирон чипгузорӣ шаванд

Таҳлилгар ҳамчунин илова кард, ки корро танҳо бо ҷарима маҳдуд кардан лозим нест.
"Нисбат ба корфармоёне, ки пайваста қонунро вайрон мекунанд ва муносибатҳои меҳнатиро ба таври расмӣ танзим намегардонанд, агар ман мешудам, ба ҳар ҳол чораҳои ҷиддӣ меандешидам", — ироа мекунад коршинос.

Бояд фаҳмид, ки ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ бо муҳоҷир, шаҳрвандони хориҷӣ ба таври автоматӣ ҳуқуқҳои иловагӣ пайдо мекунанд.

"Ба чандин солҳои пеш назар андохта, мо бояд ба саволи худ ҷавоби рост диҳем: оё мо омодаем, ки таъмини нафақа ва табобати тиббии муҳоҷирони меҳнатиро ба ӯҳдаи худ гирем?", — афзуд ӯ.

Эҳтимол, зарур аст, ки намудҳои гуногуни ҳуқуқии шартномаҳои меҳнатӣ бо муҳоҷиронро пешбинӣ карду, онҳоро қонунӣ намуд, таъмини ҳуқуқ ба онҳо ворид сохт, вале на ба таври ҳамешагӣ, балки ба тарзи муваққатӣ — дар замони кору истиқомат.