Юлия Самойлова: Русияро дар "Евровидение-2019" бояд Манижа муаррифӣ кунад

Юлия Самойлова пешниҳод кард, ки соли оянда Русияро дар озмуни Евровидение-Манижа Сангин муаррифӣ кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Русияро дар озмуни "Евровидение-2019" бояд  Manizha муаррифӣ кунад, гуфт Юлия Самойлова дар нишасти хабарӣ оид ба натиҷаҳои озмун дар оҷонсии "Россия сегодня".

Ба фикри Самойлова, зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки таҳти унвони  Manizha миёни ҳаводорони русаш машҳур аст сазовор аст, ки соли оянда дар озмуни "Евровидении" аз номи Русия баромад кунад.

"Ман Manizha-ро пешниҳод мекунам", — гуфт Юлия, ҳангоми ҷавоб додан ба саволи рӯзноманигор.

Манижа Сангин бо ҳунарнамоияш маскавиҳоро "ба по" хезонд

Манижа Сангин солҳои 2008-2009 нахустин бор бо суруди "Пренибрегаю" ба саҳна баромада буд. Дар муддати кӯтоҳе бо ин сурудаш Манижа натанҳо дар Русия балки дар Тоҷикистон шуҳрат пайдо кард.

Вале пас аз иҷрои ин суруд Манижа якбора аз саҳна дур шуда буд.

Ва танҳо соли 2017 духтари тоҷик таҳти унвони Manizha ба шоу-бизнес бозгашт. Ӯ дар шабакаи Instagram ба паҳн кардани наворҳои хурд ва намоҳангҳояш оғоз кард. Чунин шакли нави пешниҳоди суруд Манижаро миёни мардум шуҳратёр кард.