Ба забони узбакӣ: навори истиқбол аз Шавкат Мирзиёев дар ИМА

Кишвардори Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи ҳамсараш ба ИМА рафт
Sputnik

Меҳмононро дар фурудгоҳи "Эндрюс" донишомӯзони амрикоӣ бо гулдаста пешвоз гирифтанду ба забони узбакӣ хайрамақдам гуфтанд.

Ҳамчунин Мирзиёевро намояндагони ҳукумати Амрико пешвоз гирифтанд.

Интизор меравад, ки дар ин сафар ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои Амрикою Узбакистон ва масоили рӯзи ҷаҳонро баррасӣ кунанд.

Дар баробари ин рӯзи 17 май Шавкат Мирзиёев бо вазии дифоъи ИМА дидору мулоқот хоҳад кард.