Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷаримаҳои нав ҷорӣ мешавад

Акнун, дар баробари иҷозатномаи корӣ ё патент аз муҳоҷир қарордоди корӣ бо корфармо талаб мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар Русия мехоҳанд барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар сурати адами шартномаи корӣ ҷаримаҳои нав ворид кунанд, хабар медиҳад рӯзномаи «Коммерсант» бо истинод ба манбае аз Вазорати адлияи ФР. 

Идора аллакай тағйиротро барои ворид кардан ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (КоҲМ) таҳия кардааст, ки тибқи он муҳоҷири меҳнатӣ барои таъйиди асосҳои қонунии будубоши худ дар қаламрави Русия бояд на танҳо иҷозатномаи корӣ ё патент, балки шартномаи корӣ бо корфарморо низ пешниҳод кунад.

"Барои набудани шартномаи корӣ Вазорати адлия пешниҳод мекунад, ки муҳоҷирон ва корфармоёнеро, ки ғайриқонунӣ онҳоро ба кор гирифтаанд, то 5 ҳазор рубл ҷарима ва эҳтимоли аз кишвар хориҷ кунанд. Алъон модда чунин ҷарима бо эҳтимоли аз кишвар хориҷ кардан барои "амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ бидуни иҷозатномаи корӣ ё патент"-ро пешбинӣ намудааст", — омадааст дар хабарнома.

Обистанӣ дар муҳоҷират: агар муҳоҷире дар Маскав ҳомила шавад, куҷо бояд муроҷиат кунад

Дар вазорат инчунин мехоҳанд барои корфармоёни беаҳамият, ки ғайриқонунӣ муҳоҷирони меҳнатиро ба кор мегиранд, ҷарима ҷорӣ кунанд. 

"Ба мудири ширкате, ки муҳоҷиронро бидуни бастани шартнома ба кор гирифтааст, ҷарима дар ҳаҷми 50 ҳазор рубл, ба худи ширкат бошад, то 800 ҳазор рубл ва ҳатто то амали боздошт намудани фаъолияти ширкат дар муддати аз 14 то 90 шабонарӯз, таҳдид хоҳад кард", — шарҳ медиҳад рӯзнома. 

Пештар гузориш дода шуд, ки Вазорати адлия мехоҳад вазоифи роҷеъ ба тасмимгирӣ дар робита ба будубоши (истиқомати) номатлуби муҳоҷири хориҷиро ба ихтиёри ХФИС-и Русия, гузорад. 

Ҳамасола чандсад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Мувофиқи маълумоти соли 2017, беш аз 1,58 миллион нафар аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия барои кор омадаанд.  Бисёре аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Маскав ва дигар шаҳрҳо ба кору зиндагӣ одат мекунанд, бо мурури замон асноди худро барои гирифтани шаҳрвандии Русия пешниҳод менамоянд.

Соли 2017 сокинони Тоҷикистон аз рӯи теъдоди доштани шиносномаҳои расмии русӣ (29 039 ҳуҷҷат) ба "Топ-3" ворид шуда буданд.