"Паҳлавонони Суғд": оғози сохтмони толори варзишӣ дар ноҳияи Масчо

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Масчо ба сохтмони толори варзишии "Паҳлавонони Суғд" оғоз бахшид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Толори варзишии "Паҳлавонони Суғд" барои 400 нафар пешбинӣ гардидааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Раиси вилоят дар маҳалли бунёди толори варзишӣ бо теъдоди зиёди варзишгарон ва фаъолони шаҳраки Бӯстон суҳбат кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки дар доираи "130 рӯзи меҳнати зарбдор", ки ба истиқболи 30 – солагии истиқлоли Тоҷикистон, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти варзишӣ ҷараён дорад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо теъдоди варзишгарон бамаротиб хоҳад афзуд.

Раҷаббой Аҳмадзода изҳори умед кардааст, ки дар оянда тарбиятгирандагони толори варзишии бунёдшаванда дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат карда, парчами Тоҷикистонро баланд хоҳанд бардошт.

Ҳамчунин бо ширкати раиси вилоят дар шаҳраки Бӯстон як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бунёд Исмоилов бо харҷи 300 000 сомонӣ сохта шуда, барои гузаронидани бозиҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шудааст.

Раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ иқдоми соҳибкорро ҷиҳати фароҳамсозии шароит ва ҷалби ҷавонон ба варзиш шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, ба чанде аз варзишгарон лавозимоти варзишӣ туҳфа кард.