Раиси парлумони Узбакистон ба Тоҷикистон меояд

Таърихи сафари раиси парлумони Узбакистон ба Тоҷикистон тариқи роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 май- Sputnik. Раиси Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбакистон Н.Исмоилов ба Тоҷикистон даъват карда шудааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 11 май сафири Тоҷикистон дар Узбакистон С.Имомӣ бо раиси Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбакистон Н.Исмоилов дидор кардааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот, масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии кишварҳои бародар баррасӣ шудааст.

"Сафир ба раис даъватномаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон супурд, ки он бо арзи сипос қабул гардид",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки таърихи сафари мазкур аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда хоҳад шуд.