ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко 14 май ба Тоҷикистон сафар карда, то 16 май дар кишвар мемонад, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.
"Аз 14 то 16 майи соли 2018 – сафари расмии раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон дар назар аст", — омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин ба гузориши Вазорат, аз 14 то 20 майи соли 2018 – ташрифи ҳайатҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон барои ширкат дар Ҳамоиши байналхалқии "Волонтёрон дар мавзӯи муҳофизати мероси маданӣ ва фарҳангӣ" дар назар аст.