Навори роҳпаймоии тоҷикони Маскав дар "Ҳанги ҷовидон"

Наздики ҳазор тоҷик рӯзи 9 май ба "Ҳанги ҷовидон"-и Маскав ҳамроҳ шуданд
Sputnik

Рӯзи нӯҳуми май дар кӯчаи марказии Маскав ба муносибати таҷлили 73-солагии Рӯзи Пирӯзӣ наздики ҳазор тоҷик ҷамъ омада, то майдони Сурх роҳпаймоӣ карданд.

Ҳамаи онҳо дар даст аксҳои хешовандон-бобоён, бибиҳо, падарону модаронро, ки қаҳрамонона дар ҶБВ ҷангидаанд бо ифтихор бардошта, дар кӯчаҳои марказии Маскав қадам мезаданд.

Ҷавонон бо қувваи пурра аксҳои қаҳрамононро баланд мебардоштанд, то ҳама қаҳрамонони Тоҷикистонро бубинад.