ДУШАНБЕ, 9 мая — Sputnik, Рубен Гарсия. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, РСС Тоҷикистон пойгоҳи бисёр пурқудрати ақибгоҳ буд, ки ба хати фронт лавозимот ва либосҳои ҷангӣ, таҷҳизот ва озӯқа мефиристод. Вале ғалабаи сокинони ҷумҳурӣ танҳо бо заҳмати пурмашаққат дар ақибгоҳ маҳдуд намешуд.
Аз ин республикаи советӣ 300 000 нафар ба фронт рафта, 100 000-и онҳо барнагаштаанд.
Дар арафаи ҷашни ғалаба дар ҶБВ Sputnik Тоҷикистон корнамоии дивизияи саворанизоми 61-умро ба хотир меорад, ки ҷанговарони вай аз Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа дар набарди хунини Сталинград, ҳангоми боздошти машинаи пурнерӯи вермахт ва шикасти қатъии нақшаи ҷанги он, кумак карда буд.
Аз ақибгоҳ ба зери тирборон
Соли 1942 рафта истодааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба авҷи аълои худ мерасад: ҳар як рӯзи фронт ҷони ҳазорҳо нафарро мебарад.
Роҳбарияти СССР, ки пас аз бохтҳои моҳҳои аввали ҷанг акнун ба худ омада буд, норасоиҳоро дар мудофиаи душман, ки ташаббуси стратегиро аз даст дода, ҳазорҳо ҷангиёни беҳтарини худро дар саҳроҳои барфпӯши наздикии Маскав талаф дода буд, пайхас мекунад.
Он замон фармони машҳури № 227 "Ягон қадам ба ақиб" мебарояд. Корхонаҳои ба ақибгоҳ овардашуда шабу рӯз кор карда, ба фронт намунаҳои нави аслиҳа ва техника мефиристанд, пайвастҳои парокандаи низомӣ аз нав ба ҳам омада, ба як мушти фӯлодин мубаддал мегарданд. Пас аз чанд моҳ тақдири он мушти фӯлодин ҳамин будааст, ки ба сари қисмҳои ҳарбии вермахт, фуруд ояд.
Дар навбати худ, Гитлер, ки бо тактикаи "Раъду барқ"-и худ сахт фиреб хӯрда буд, ба муҳориба дивизия аз паси дивизияро фиристода, беш аз пеш аз ҳукуматаш тиру тӯп ва танку лавозимот талаб мекунад, ки захираҳои бе ин ҳам кам гаштаи кишварашро, боз ҳам коҳиштар мегардонад.
Ва дар ин ҷо низомиёни Германия куллан дарк мекунанд, ки арзиши маъракаи шарқӣ — ин мукофотҳои нав, ғаноими низомӣ ва падидаи афсонавии "фазои бузурги зиндагӣ" барои халқҳои Германия набуда, балки ҳаёти шахсии ҳар яки онҳост, ки ба таври ногаҳонӣ барои тир ва тӯпҳо, хеле муносиб шудааст.
Аммо ин вақт дар ақибгоҳи дур, дар Тоҷикистон дивизияи 61-уми саворанизомӣ таъсис дода мешавад. Маҳз дар назди ин дивизия бозидани нақши бисёр муҳим дар муҳорибаи Сталинград гузошта шуда буд, ки чун ғуруби зуди Рейхи сеюм, машҳур аст.
Дивизия аз се полк, ки дар Сталинобод (Душанбеи онвақта), Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ташаккул ёфта буданд, иборат буд. Дар онҳо асосан тоҷикон, узбекон ва русҳо, ки аз тамоми кунҷу канори РСС Тоҷикистон даъват шуда буданд, хизмат мекарданд.
Навдаъватшудагон аз ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон - Помир, Кӯлоб, Ғарм, Ҳисор ва Хуҷанду Зарафшон - ҷамъ меомаданд. Афсароне, ки эскадронҳои саворанизомиро пуру ҷо ба ҷо мекарданд, бо қаноатмандӣ мегуфтанд, ки ҷавонони навдаъват ва аз захира меомадагӣ — беҳтарин савораанду, бисёре аз онҳо таҷрибаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1920-уми Тоҷикистонро доранд.
Дар моҳи октябри соли 1942 фармон бароварда мешавад, ки бояд ба театри амалиёти ҷангӣ рафт. Полкҳое, ки дар заминҳои ҳосилхези Осиёи Миёна ташкил карда шуда буданд, тавонистанд ба қадри кофӣ асп, хӯроки чорво, ғизоворӣ ва либосҳои хуби ҷангӣ дошта бошанд.
Аммо, мутаассифона, барои омодагии ҷангӣ пас аз пур ва ҷобаҷокунӣ, ҳамагӣ 12 рӯз ҷудо шуда буду, халос.
Дар айни замон, генерали армияи советӣ Попов, ҷонишини фармондеҳи фронти Сталинград қайд карда буд, ки сарбозони корпуси 4-уми саворанизомӣ, ки ба он дивизияи 61-ум дохил гардида буд, "имтиҳони қаблиро бомуваффақият супорида, маҳорати худро дар роҳ ва ноҳияи мутамарказ хеле хуб нишон доданд", ва дар рафти машқҳо ба иқлими душвор ва мушкилотиҳаёти аскарӣ тез одат карданд.
Ба Сталинград роҳ дода нашавад
Ба набарди аввалини ҷиддӣ ҷанговарони тоҷикистонӣ 21-24 ноябр дучор шуданд. Дар рафти ҳуҷуми фронтҳои Ҷанубу Ғарбӣ ва Донской, онҳо бояд дар ҳалқаи берунаи иҳотаи армияи 6-уми Германия Фридрих Паулус, ки дар Сталинград комилан "побанд" шуда буд, ҳолати мудофиавиро мегирифтанд.
Дар аввал, полкҳои 222 ва 219 аз Қӯрғонтеппаву Сталинобод шаҳри Абганероворо иҳота карда, сипас дар сафҳои саворанизомӣ мавқеъҳои муттаҳидони Германияи гитлерӣ ̶ руминҳоро комилан ба хок яксон карда, роҳи таъминоти қисмҳои ҳарбии душманро аз ҷануб тамоман буриданд.
Сипас шаҳри Умантсеворо озод карданд, садҳо нафар сарбоз ва афсарони душманро асир гирифтанд, худи Раду Корне, полковники қисмҳои ҳарбии душман, ба як сахтии ногуфтанӣ тавонист бо ситодаш фирор кунад.
Баъд шаҳри Котниково буд. Дар ин ҷо ба саворанизомони тоҷикистонӣ муяссар нашуд, ки душманро аз мавқеъҳояш дур созанд, вале ҳатто се дивизияи немисҳо, ки аз Қафқоз омада буданду, дар сафҳои ҳар кадомаш на камтар аз 150 танк буд, вазифаи худро иҷро карда натавонистанд. Яъне онҳо натавонистанд аз шаҳр берун бароянд.
Баъдан генерал-майёри Вермахт Ганс Дёрр ба хотир оварда буд, ки дар натиҷаи ҳамлаи саворанизомон, "сарфи назар аз дифои ҷасуронаи 3 баталони руминӣ, нуқтаҳои аҳолинишини Шарнутовский ва Дорганов аз даст рафтанд".
Бо вуҷуди ин, танкҳои вермахт омада мерасиданд ва ҳамоно ба контрҳуҷум мегузаштанд.
Дар чунин ҳолатҳо роҳбарияти дивизияи 61-ум ба қароре меояд, ки дар соҳили дарёи Аксай мудофиа гиранд. Маҳз ин макон шарафи ҳарбии олитарин барои саворанизомон аз Тоҷикистон хоҳад шуд.
Қушунҳои душман рӯзи 12-уми декабри соли 1942 ба ҳуҷум гузаштанд, то ки ба армияи иҳоташудаи фелдмаршал Паулюс, кумак расонанд.
Қисмҳои советӣ дар вазъияти ниҳоят душвор афтода буданд. Пас аз гузориш дар бораи вазъияти рухдода, Сталин хеле равшан ҷавоб дода буд: то охир истеду душгманро нигаҳ доред, то он даме, ки армияи 2-юми гвардиягӣ нарасад.
Вале то омадани гвардиягиҳо бояд навъе карда, душманро нигаҳ доштан лозим буд.
Генерали қушунҳои танкии немис Раус таҳдидро аз ҷониби қисмҳое, ки аз Тоҷикистон омада буданд, ҷиддӣ арзёбӣ карда буд.
"Амалиётҳои ҷангии дивизияи 61-уми саворанизомии корпуси 4-уми кавалериро, ки дар минтақаи дарёи Аксай муттамарказ шуда буд, нодида гирифтан имкон надорад. Тибқи арзёбии мо, ин дивизияи зудамал бо 14 танк тақвият дода шуда буд", — навиштааст Раус дар ёддоштҳояш.
Маҳз ин дивизия дар самти зарбаи асосии вермахахт истодагарӣ карда буд.
Субҳи 15 декабр то 150 адад танк, инчунин грендерҳои полки 114-уми мото-хӯшкигард бо БТР-ҳои "Гономаг", ба мавқеъҳои дивизия ҳуҷум карданд. Онҳо шояд фикр карда буданд, ки саворанизомон рақибонашон нестанд.
Аммо немисҳо ба таври ҷиддӣ хато карда буданд. Саворанизомон аз Тоҷикистон ҳамроҳ бо танкист ва артилеристҳо мудофиаро шадидан 5 рӯз давом доданд: ҳамин қадар вақт лозим буд барои расида омадани армияи 2-юми гвардиягӣ.
Дар он муҳорибаҳои шадид фармондеҳ ва қариб тамоми аъзои ситоди полки 213-уми ба ном «Кӯлоб», ба ҳалокат расиданд.
Рейхи сеюм дар наздикии Сталинград истодагарӣ карда натавонист
Барои арзёбии миқёси қаҳрамонии сарбозон, ва умуман тамоми ҳайати армияи 51-ум, ки ба он корпуси 4-уми саворанизомӣ шомил мешуд, бояд фаҳмид, ки душман он замон чӣ қудрате дошт.
"Двизияи 6-уми танкӣ яке аз беҳтаринҳо ба шумор мерафт. Баъди азнавташкилкунӣ дар Фаронса, сафҳои онро мутахассисони мактабҳои танкӣ пур карда буданд, ки аксарияти онҳо аллакай дар муҳорибаҳои шадиди фронти Шарқӣ иштирок намуда буданду, таҷрибаи хуб доштанд. Ҳайати шахсии он интизом ва омӯзиши ниҳоят баланд дошт", - шарҳ дод ба Sputnik Тоҷикистон таърихшиноси ҳарбӣ Ғафур Шерматов, муаллифи китоби ахиран нашршудаи "Дивизияҳои саворанизоме, ки дар Тоҷикистон барои ҷангҳо бар зидди вермахт, ташкил карда шуда буданд. Хроникаи таърихи амалиёти ҷангии солҳои 1941-1942".
Ҳуҷумро аз болои дарёи Аксай генерал-полковники пуртаҷрибаи немис Герман Гот роҳбарӣ мекард, ки аз аввали ҶБВ дар фронти Шарқӣ меҷангид.
Илова бар ин, соли 1942 дар майдони ҷанг бори аввал танки "Тигр" пайдо гашт. Он мисли қартаи муҳимме дар остини вермахт буд.
Гурӯҳҳои қушунҳои вермахтро дар ин қитъа худи генерал-фелдмаршал Эрих фон Монштейни машҳур, раҳбари наномидашудаи генералитет, сардорӣ мекард, ки ҳамла ба Фаронсаро ӯ нақшабандӣ карда буду, қариб тамоми сарбозони бритониёиро дар наздикии Дюнкерт, ғарқ карда буд.
Бо вуҷуди ин, "шикор"-и даррандаҳои танкӣ ноком буд — ба мавқеъҳои корпуси кавалерии 4-ум ҳуҷум карда, худ бо чашми худ диданд, ки ҳайати шахсӣ, сарфи назар аз норасоии сӯзишворӣ ва озӯқа, бо силоҳҳои зиддитанкӣ хуб муҷаҳҳазанд.
Ва тамоми нубуғати стратегии генерал-фелдмаршал натавонист ба ӯ ёрӣ диҳад то ҳадди аққал аз дарёчаи саҳроии наздикии Сталинград гузарад.
Маҳз қаҳрамонии сарбозони корпуси саворанизомӣ, ки дар сафҳои он сарбозони дивизияи 61-ум меҷангиданд, кумак кард то бо бозувони худ тамомии вазнинии ҳуҷуми Монштейнро барорад, мешуморад Ғафур Шерматов.
"Вақте авангарди бехунгардидаи танкӣ бо арзиши талафоти зиёд ба самти дарёи Мишков дар 48 километрии он макон аз ҳалқаи муҳосира баромад, дар он ҷо аллакай армияи 2-юми Молиновский мунтазир истода буд. Дар ин ҷо дигар ҳеҷ кореро ба анҷом расонидан маъни надошт", — таъкид мекунад таърихшинос.
Арзишманд аст, ки ба хотироти иштирокчиёни он воқеаҳо рӯ орем.
Мана бубинед, ки Василий Крисов дар китоби худ "Батарея, оташ!" чӣ навиштааст:
"Муҳорибаҳои шадид сар шуданд. Деҳаи Верхне-Кумский чанд маротиба аз даст ба даст гузашт. Бе хоб ва истироҳат, ва ҳатто метавон гуфт бе хӯрок, ҷанг мекардем. Дар паси деҳа, дар даруни амборе мо нуқтаи тиббӣ ташкил додем, ки ба он ҷо маҷрӯҳонро мефиристодем, вале маҷрӯҳон мавқеҳои оташфишониашонро тарк намекарданд, муборизаро идома медоданд, ҳатто дар зери фармон аз ҷойҳояшон намеҷунбиданд!".
Аммо душманони сарбозони советӣ дар бораи ин муҳориба чӣ мегуфтанд?
Барои мисол: "Муҳориба дар соҳилҳои ин дарёчаи номаълум (Аксай) боиси бӯҳрони Рейхи сеюм шуд, ба умедҳои Гитлер дар робита ба сохтани империя хотима дод, марҳилаи ҳалкунандае дар силсилаи чорабиниҳое буд, ки аз бохти Германия хабар медод", — баъдан ёдовар мешавад генерали собиқи Германия Вилгелм фон Меллентин.
Ногаҳонӣ — рози мувафаияти саворанизомӣ
Пас аз 76 соли муҳорибаи Сталинград, бовар кардан душвор аст, ки саворанизомӣ аз Тоҷикистон метавонист садди роҳи ҳуҷуми душман гардад. Дар ҳақиқат, охир саворанизом чӣ тавр метавонад бо мошинаи пӯлодӣ сар ба сар шавад?
Бо вуҷуди ин, тибқи гуфтаҳои Ғафур Шерматов, гумон кардан, ки саворанизомон ба мошинҳои зиреҳпӯш бо шамшерҳои луч ҳамла мекарданд, иштибоҳест бузург.
"Ин як хӯшкигарди ҳамроҳ буд. Аз он ҷойҳое, ки техникаи вазнин намегузашт, аспҳо мегузаштанд. Агар шумо шабеҳ кунед, қушунҳои танкӣ — ин шамшери бурранда, ва саворанизом — ин найзаеест, ки ба қалби душман мезанад", — шарҳ медиҳад таҳлилгар.
Бо вуҷуди ин, тавре ки таърихи ҳамла ба мавқеъҳои руминиҳо дар наздикии Сталинград нишон дода буд, дар сурати ҳуҷуми ногаҳонии дар ҷанги наздик, саворанизомон пурра метавонистанд душманро бо шамшер пора кунанд.
Мувофаққияти чунин амалиётро қаблан як воҳиди дигари низомии машҳур аз Тоҷикистон нишон дода буд: дивизияи 20-уми саворанизоми кӯҳӣ, ки дар охири моҳи октябри соли 1941 аз Округи ҳарбии осиёимиёнагӣ ба Фронти ғарбӣ, партофта шуда буд.
Дар муҳориба барои Маскав, сарбозони ДГС 20-ум аз паҳлӯҳои ҷабҳа ҳамла карда, қушунҳои душманро аз ақиб нобуд месохтанд, иртиботи онро вайрон мекарданд, саривақт расонидани тиру туп, озӯқа ва сӯзишворӣ душвор мешуду, дар байни сарбозони душман воҳима меафтод, ва онҳо фикр мекарданд, ки пайвастҳои низомии душман дар ақиби мавқеи онҳо озодона амалиёти ҷангӣ мебаранд.
Умуман дар муҳорибаи Маскав беш аз 1,5 миллион сарбоз аз тарафи Армияи Сурх ва тақрибан 2 миллион аз тарафи Германия меҷангиданд.
Муҳорибаи Сталинград пас аз 10 моҳ баъди ҷанги Маскав оғоз ёфт. Аввалан дар амалиёт на он қадар нерӯи зиёд меҷангид — 386 000 ҷанговарони советӣ ва 430 000 сарбозони Вермахт. Аммо муҳориба барои шаҳр рӯз то рӯз хислати ниҳоят шадидро мегирифт, ва дар охири он шумораи фавтидагон ба ҳадди ақал 2 629 000 ҳазор нафарро ташкил карда буд.