150 ҳазор техникаи нав: навори омодагии Маскав барои таҷлили Рӯзи Ғалаба

Дар Маскав омодагии ниҳоии низомиён барои таҷлили 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба бо мувафаққият анҷом ёфт
Sputnik

Аз майдони Сурх, танкҳо, афсарону сарбозон бо намоиши ҷангафзорҳои навтарин гузаштанд.

Барои баргузории омодагии генералӣ, роҳҳо дар чанде аз кӯчаҳои марказӣ баста шуда буданд.

Расо соати 10:00 зангӯлаи Кремл аз оғози парад хабар дод. Дар гузашти ҳарбӣ беш аз 13 ҳазор сарбоз ва 150 ҳазор адад техникаи ҷангии навтарин намоиш дода шуд.

Қувваҳои ҳавоии Русия ба далели абрӣ будан ба намоиш набаромаданд.

Лаҳзаҳои беҳтарини паради низомиро аз навор тамошо кунед.