Меҳрона-намояндаи Тоҷикистон дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" пас аз чанд дақиқа дар шабакаи НТВ баромад хоҳад кард.
Ӯ пеш аз ҳунарнамоӣ аз ҳиссиёти худ ба мухлисонаш нақл кард.
"Хело дар ҳаяҷон ҳастам. Каме нотоб шуда будам, барои ҳамин шояд аз ҳамин сабаб ба давраи дигар нагузарам. Шонси ман 50 ба 50 аст ба фикри худам", — мегӯяд вай.
Меҳрона қоил мешавад, ки хело Тоҷикистонро пазмон шудааст ва мехоҳад ба зудӣ ба кишвар бар гардад.