Замони оғози ҳаракати автобусҳо миёни Узбакистону Тоҷикистон муайян шуд

Ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон аз 15 май оғоз мешавад. Вале то ҳол ҷониби Узбакистон таърифаҳои мусофирбарӣ бо автобусҳоро муайян накардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Оғози ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон рӯзи 15 май муқаррар шудааст, хабар медиҳад Тоҷик.ТА.

Мудири ширкати "Азиа экспресс" Султон Камолов, ки замони оғози ҳаракати автобусҳоро миёни ду кишвари ҳамсоя эълом кард, гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон барои оғози мусофирбарӣ пурра омода аст дар интизори нархгузории ҷониби Узбакистон аст.

Сафарҳо бехатар: Тоҷикистон ва Узбакистон 12 масири автобус мекушоянд

Ба гуфти ӯ мувофиқи қарордод ҷониби Узбакистон бояд таърифаҳои сафарро муайян кунад ва дар марҳилаи аввал автобусҳо дар хатсайри Хуҷанд-Тошканд ва Панҷиканду Самарқанд боз хоҳад шуд.

Дар баробари ин пештар намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буданд, гарчанде роҳҳои ҳарду ҷониб барои сафар омодаанд ва ба талабот ҷавобгӯянд, бояд дар чанд ҷойҳо рамзҳои иловагии роҳҳо насб карда шавад.

Чанде пеш Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон, гуфт, ки мусофирон ҳангоми гузаштани автобус аз марзҳои давлатӣ бо ҳеч мушкиле дучор нахоҳанд шуд.

Ба гуфтаи вай, мусофирон дар гузаргоҳ аз автобус пиёда мешаванд ва пас аз анҷом ёфтани назорати марзӣ ва гумрукӣ савор шуда сафари худро идома медиҳанд.