Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати кишварро баргузор кард

Дар семоҳаи якуми соли 2018 ар соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ ба 12,3 миллиард сомонӣ баробар гардид ва афзоиши воқеии он 7 фоизро ташкил дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, дар кори маҷлис нахуст "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҶТ дар семоҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нуҳ моҳи соли 2018" ҳисоботи муовини якуми нахуствазир  Давлаталӣ Саид шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ ба 12,3 миллиард сомонӣ баробар гардид ва афзоиши воқеии он 7 фоизро ташкил дод.

Рушди маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13, 1 фоиз, маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ 12,1 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 5,1 фоиз, гардиши савдои чакана 5 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,2 фоиз таъмин гардидааст.

"Даромади буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2018 дар сатҳи 101,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4, 4 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо 100,8 фоиз таъмин шуда, ба буҷа ҳамагӣ 3,3 миллиард сомонӣ ворид гардид",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз иҷро нашудани нақшаи даромади буҷа

Дар кори маҷлис Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ "Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузориши раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода шунида шуд.

Гуфта мешавад, таъкид гардид, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни конститутсионӣ "Дар бораи раъйпурсии ҶТ" ин мушаххас кардани тартиби нави пур кардани бюллетенҳои овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ, тартиби оғоз ва қатъ шудани муҳлати фаъолияти мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби эълон намудани натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии раъйпурсӣ аст.

Сипас оид ба лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ "Дар бораи хизмати давлатӣ", Оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ" ва Оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки ҶТ" гузориши директориОжонси хизмати давлатӣ Ҷумъахон Давлатзод ва Вазири молияи ҶТ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Парлумони Тоҷикистон қонуни бехатарии иншооти гидротехникиро ислоҳ кард

Ҳамчунин дар кори маҷлисъ масъалаҳо дар бораи  амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ барои солҳои 2012-2020 ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи барқии ҶТ барои солҳои 2018-2020 муҳокима гардида, аз руи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Меҳрон — маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ҳисоботи раисони ноҳияҳо  шунида шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, вусъати корҳои профилактикӣ дар самти ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, огоҳии ҷомеа аз оқибатҳои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам, баланд бардоштани масъулияти ҳар як шаҳрванд барои солимии худ, гузориш дод.

Доир ба вазъи боду ҳавои кишвар ва таъсири он ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ гузориши муовини нахуствазир Маҳмадтоир Зокирзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки камобию бебориш шудани рӯзҳои охир ба нашъунамои зироатҳо ва растаниҳои худруй таъсири манфӣ расонд.

"Раисҷумҳур ба раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи хуби ташкилӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронии солҳои 2018-2019, истифодаи самараноки заминҳои кишт, дастур дод, ки аз ҳозир тамоми роҳу воситаҳоро истифода баранд",- тавзеҳ медиҳад дафтари матбуотӣ.

Генерал Назарзода дастурҳои раисҷумҳурро бо душанбегиҳо баррасӣ кард

Инчунин супоришҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ, боғдорӣ, васеъ кардани майдони кишти зироатҳои гуногун аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки чарогоҳҳо дода шуд.

 Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили мактабу марказҳои саломатӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, сохтмони ҳаммомҳо дар шаҳраку деҳаҳо, ҳамчунин таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, супоришҳои мушаххас дод.

Дар охир баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис раисҷумҳур ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва Қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси  дастурҳо доданд.