ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Маскаву Душанбе ҳамоҳангӣ карданд то теъдоди квотаҳои таҳсилро барои тоҷикистониён дар мактабҳои олии ФР, афзоиш диҳанд, гуфт нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар нишасти матбуотӣ дар Маскав.
"Аммо дар робита ба масоили таҳсил бояд зикр кард, мо чунин ҳамоҳангӣ кардем, ки ФР дар шаҳрҳои ҶТ ба сохтани панҷ мактаби миёнаи ҳозиразамон оғоз мекунад. Ҳамчунин мо қарор додем то кореро, ки соли гузашта шурӯъ карда будем, давом диҳем. Чуноне шумо медонед, соли гузашта ба Тоҷикистон муаллимони рус омада буданд, ки алъон эшон дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ кор мекунанд", —гуфт сарвазири Тоҷикистон.
Расулзода изҳори боварӣ кард, ки ин тарҳ дар солҳои 2018-2019 идома хоҳад ёфт. "Инчунин мо роҷеъ ба зиёд намудани квотаҳо барои таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар мактабҳои олии ФР, мувофиқат намудем", —гуфт Қоҳир Расулзода.
Моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон чорабиниҳои интихобӣ барои дохилшавандагон ба донишгоҳҳои Русия, баргузор шуданд.
Ба ҳайати комиссияи "Россотрудничество" дар Тоҷикистон бо роҳбарии Михаил Вождаев, намояндагони Вазорати маорифи Тоҷикистон ва намояндагони донишгоҳҳои Русия, ки махсус барои ин мақсад ба Душанбе омада буданд, дохил шуданд.