Зураб Серетели мехоҳад асарҳои рассомони тоҷикро ба осорхонаҳо фурӯшад

Дар Хонаи марказии рассомони Маскав охири ҳафтаи гузашта Толори санъати байналмилалии “Боз ҳамроҳ”, ки дар фазои ягонаи намоишӣ рассомонро аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ мутаҳҳид намудааст, ифтитоҳ шуд
Sputnik

Лев Рижков

Корҳои арзиши осорхонавӣ

Намоишгоҳи толори санъат "Боз ҳамроҳ" дар тамоми майдони ошёнаи дуюми Хонаи рассомон густурда шуда буд. Масоҳат чунон аст, ки метавон дар он, масалан, намоишгоҳ-ярмаркаи бузурги байналмилалии китобро ба мисли Non/fiction ҷой дод. Намоишгоҳ хеле бузург, гуногун ва беҳудуд аст. Ҳангоми дидани он шахсро эҳсосоте фаро мегирад, ки ман онро "Синдроми Эрмитаж" мегӯям — замоне мефаҳмӣ, ки то охири рӯз, тамоми намоишгоҳро тамошо карда наметавонӣ.

Асарҳои худро ҳам рассомони шинохта ва ҳам хеле ҷавон — хатмкунандагони дирӯзаи донишгоҳҳои санъат, ба мазҳари ом гузошта буданд. Беҳтарин расм ва ҳайкалчаҳо аз Маскав, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон оварда шуда буданд.

Чанде пеш аз ифтитоҳи расмӣ намоишгоҳро раиси Академияи санъати Русия Зураб Серетели дидан кард.

"Ин корҳо арзиши бузурги осорхонавӣ доранд, — гуфт Зураб Серетели ба хабарнигори Sputnik. — Ман ҳоло онҳоро аз назар гузаронидам — Худоё! Ин чунин корҳое ҳастанд, ки онҳоро фавран бояд ба осорхонаҳо фиристод! Онҳоро бояд осорхонаҳо харанд. Қаблан чӣ бад буд? Ҳама расмҳо яке ба дигаре монанд буданд. Аммо ҳоло — ғановат! Ҳама рассомҳо услуб, андеша, фалсафа ва рангҳои гуногуни худро доранд".

Дар Душанбе асарҳои Олим Камолов ва духтарашро ба намоиш гузоштанд

Намоишгоҳҳои монанд дар КМР муддати тӯлонист, ки баргузор мегарданд. Ин чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамеша дермунтазиранд. Аз сабаби як қатор сабабҳои ташкилотӣ, соли гузашта рассомони фазои пасошӯравӣ натавонистанд дар як майдони намоишӣ бо ҳам оянд. Аммо ҷудоӣ, хушбахтона, кӯтоҳмуддат буд. Имсол, рассомони фазои пасошуравӣ, чӣ тавре ки мегӯянд, "Боз ҳамроҳ"-анд.

Намоишгоҳро батантана муовини якуми вазири фарҳанги ФР Владимир Аристархов кушод.

"Ҳар сол дар Москав як фазои хуби фарҳангӣ боз мешавад, ки дар он шумо метавонед чӣ асарҳои классикон, устодони машҳур ва чӣ ҷавононро бинед", — таъкид кард Владимир Аристархов. — Ин тарҳ бори дигар нерӯи муттаҳидсозандаи санъатро ба мо исбот месозад. Мо хеле хурсандем, ки дар он намояндагони ҷумҳуриҳои бародари мо, ҳамсоягони наздиктарин ва устодони мактабҳои фарҳанги миллӣ иштирок мекунанд. Боварӣ дорам касоне, ки асарҳои онҳоро тамошо мекунанд, лаззат мебаранд".

Аҳамияти асарҳои намоишгоҳ он аст, ки дар онҳо равандҳои бадеии кишварҳои пасошӯравӣ мушоҳида мешаванд. Аз бунёдҳои Иттифоқи рассомони ИҶШС асарҳои нодир аз Молдова, Литва, Қирғизистон, Белорус, Украина, Латвия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигар устодони маъруфи русягӣ, бароварда шудаанд.

Рассомон ба Русия майл доранд

Хабарнигори Sputnik бо яке аз созмондиҳандагони намоишгоҳ — раиси Иттифоқи рассомони Маскав  Михаил Глухов гуфтугӯ кард.

"Мутаассифона, баргашт ба ақиб имкон надорад. Зиндагӣ мегузарад, — мегӯяд Виктор Глухов. — Устодоне, ки дар солҳои 60-70-ум кор кардаанд, сатҳашон ниҳоят баланд аст, ки онро алъон ҳатто тасаввур карда намешавад. Он замон санъат маблағгузорӣ мешуду талабот хеле ҷиддӣ буд. Бӯстонсаройҳо барои офаридани асарҳои рассомӣ вуҷуд доштанд, саёҳатҳои эҷодӣ ба роҳ монда, суратҳои зиёд харидорӣ мешуданд. Ин ҳама ба рассомон имкон медод, ки бештар кор ва маводи ҷиддӣ ҷамъоварӣ намоянд. Ҳатто ба донишҷӯёне, ки ба кори дипломӣ машғул мешуданд, устохонаҳои алоҳида медоданд. Мутаасифона, ин чизҳо ҳоло нест. Ба ҷавонон ҳам кор сангин шудааст".

Чӣ гуна рассом аз коғаз пироҳан омода мекунад

Ба гуфти раҳбари рассомони Маскав, дар мактабҳои инфиродии миллӣ, ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, рӯйдод ва равандҳое ҷараён доранд, ки дар онҳо таъсири санъатҳои Ғарбу Шарқро метавон дид.

"Вале ҳамсоягони мо ҳам мушкилоти зиёд доранд — муносибат ба санъат дар минтақаҳо, нарм карда гӯем, на он қадар эҳтиёткорона аст, — мегӯяд Виктор Глухов. — Рассомони на ҳар кишвар имкони мулоқот бо ҳамкорони хориҷӣ ва санъатшиносони худро доранд, онҳо наметавонанд аз осорхонаҳои аврупоӣ дидан кунанд. Дар деги худ ҷӯшидан ҳам хуб нест, бояд тавсеа ёфт. Бино бар ин, албатта, рассомон ба Русия рӯ меоранд. Илова бар ин, аксари онҳо донишгоҳҳои русиягиро хатм кардаанд, ё аз мактаби шуравӣ гузаштаанд".

Ба эътимоди амиқи роҳбари созмони эҷодӣ, чунин ташкилоте зарур аст, ки ба он на танҳо иттифоқҳои рассомони кишварҳои хориҷаи наздик, балки сохторҳои шабеҳ аз кишварҳои дигар, ки ба ИҶШС шомил набудаанд, низ дохил шаванд.

"Бигзор, онҳо шояд каме дигар бошанд! Ҳеҷ ишколе надорад! — мегӯяд Виктор Глухов. — Ҳатто ин хуб аст, ки онҳо дигаранд. Зеро танҳо ҳамин тавр санъат зинда мемонаду густариш меёбад. Гап да сари он, ки ҳар як санъаткор меомӯзад, ӯ омӯзгорони хешро дорад. Дар ибтидо нигоранда тавассути назари дигарон нигоҳ мекунад, вале дер ё зуд, агар вай нигорандаи воқеӣ бошад, ба ҷаҳони атроф бо чашмони худ назар меафканад. Дар интиҳо ӯ ҳатман шахсият мешавад, ба ҳеҷ кас тақлид намекунаду шабеҳи дигаре намешавад. Аммо ин назари шахсӣ танҳо дар маҷмӯи эҷодии умумӣ тавлид мегардад".