Кор дар Аморот: АМА ва Тоҷикистон бораи қувваи корӣ тафовуқ карданд

Ёддошти тафоҳум пас аз гузаронидани расмиёти дохилидавлатии тарафҳо эътибор пайдо мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон дар самти қувваи корӣ ёддошти тафоҳум имзо карданд, хабар медиҳад Вазорати меҳнати Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки Ёддошти тафоҳумро вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА Носир бин Сонӣ ал Ҳамелӣ  ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид рӯзи 16 апрел имзо кардаанд.

Ба иттилоъи манбаъ, тибқи муқаррароти ёддошти тафоҳум шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, ки аз тарафи Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА тасдиқ шудааст, кору фаъолият намоянд.

Аморат хостори зудтар фиристодани қувваи корӣ аз Тоҷикистон шуд

Ба гуфти Носир бин Сонӣ ал Ҳамелӣ имзои ин Ёддошти тафоҳум барои пурзӯр намудани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи қувваи корӣ равона шудааст.

Ёддошти тафоҳум баъд аз гузаронидани расмиёти дохилидавлатии тарафҳо эътибор пайдо хоҳад кард.  

Ҷалби коргарон тавассути Муассисаи давлатии "Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони аморотӣ ба роҳ монда мешавад.