СҲИ барномаи нави мусоидат ба Афғонистонро қабул кард

Таъкид ба амал оварда шуд, ки ҳамкории минтақавӣ дар истиқрори сулҳу субот, инчунин фароҳам сохтани шароитҳои мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон муҳим мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки рӯзҳои 16-17 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, нишаст  таҳти раёсати Вазири умури хориҷии  Тоҷикистон Сироҷидин Аслов баргузор шуд.

Дар иҷлосия ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмон бо роҳбарии Муовини Раиси Девони вазирон, Вазири умури хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, Вазири умури хориҷии  Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ, Вазири умури хориҷии  Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф, Муовини якуми вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Динара Кемелова, Муовини вазири умури хориҷии  Озарбойҷон Маҳмуд Маммад Гулиев, Муовини вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Акилбек Камалдинов, Раиси Шӯрои банақшагирии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сартоҷ Азиз, Муовини вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Туркия Аҳмед Йилдиз, Муовини вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Абдувоҳидов ва Дабири кулли СҲИ Иброҳим Халил Акча ширкат варзиданд.

"Дар маросими ифтитоҳи нишаст вазирон Муовини Сарвазири ҶТ Азим Иброҳим паёми раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомали Раҳмонро ба ширкаткунандагони Иҷлосия ироа намуд.
Дар паёми хеш президент  ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ таъкид кардааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Сироҷиддин Аслов бо вазири умури хориҷаи Афғонистон мулоқот кард

Пеш аз Иҷлосияи Шӯрои Вазирон санаи 16 апрел мулоқоти кормандони аршади кишварҳои аъзои СҲИ баргузор шуд. Коршиносон мавзӯъҳои Рӯзномаи Иҷлосияро баррасӣ карда, онро ба нишасти вазирон пешниҳод намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви СҲИ зимни суханронӣ бандҳои Рӯзномаи Иҷлосияро баррасӣ карда, оид ба мавзӯъҳои он: гузориши Дабири кулли СҲИ; раванди татбиқи созишномаҳои СҲИ,  муносибатҳои Котиботи СҲИ бо созмонҳои байналмилалӣ; ҳолати иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои СҲИ; фаъолияти муассисаҳо ва ниҳодҳои СҲИ; пешрафт ва арзёбии иҷрои ҳадафу вазифаҳое, ки аз санади "Диди СҲИ 2025",  тавсияҳо барои ислоҳоти Котиботи СҲИ ва тағйиру иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқии СҲИ; қабули Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон; қабули ҳуҷҷати ниҳоии Иҷлосия — Эъломияи Душанбе, инчунин масъалаҳои маъмурӣ ва молиявии Созмон, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Аслов дар суханронии худ тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду савдо, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ ва сайёҳиро афзалиятнок арзёбӣ намуда, кишварҳои аъзоро ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои аҳаммияти минтақавӣ дошта, даъват намуд.

"Бо дарназардошти он, ки соҳаҳои асосии ҳамкориҳои дар "Диди СҲИ 2025" муайянгардида, ба ҳадафҳову вазифаҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030 ҳамсон мебошанд, роҳандозии тадбиру чораҳои муштарак баҳри расидан ба ҳадафҳои барномаҳои мазкур, ба мақсад мувофиқ мебошад",- изҳор дошт вай.

Раҳмон ба Эрон: сиёсати мо "меъёрҳои духӯра" надорад

Маврид ба зикр аст, ки  дар чорчуби Иҷлосияи мазкур 16-17 апрели соли 2018 дар маркази фарҳангию фароғатии "Боғи Ирам" Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои СҲИ баргузор шуд.

Зимни Иҷлосия ҳамчунин Барномаи нави СҲИ оид ба мусоидат ба Афғонистон қабул гардид. Таъкид ба амал оварда шуд, ки ҳамкории минтақавӣ дар истиқрори сулҳу субот, инчунин фароҳам сохтани шароитҳои мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон муҳим мебошад.

Дар интиҳои Иҷлосия санади ниҳоӣ — Эъломияи Душанбе қабул шуд, ки дар он ба зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва энергетика, туризм, рушди иқтисодӣ ва маҳсулнокӣ, рифоҳи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки аз барномаи "Диди СҲИ 2025" бармеоянд, таъкид гардид.