Бомдоди 13 апрел бозори майдафурӯшии "Баракат"-яке аз қисмҳои бузургтарини бозори "Ӯш" оташ гирифт.
Сабаби сӯхтор то ҳол муайян нашудааст.
Хабари сӯхтор соати 3.52 (бо вақти Қирғизистон) ба КҲФ расидааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор 13 адад худрави оташнишонӣ равона гардидааст.
Ба гузориши хабарнигори Sputnik Қирғизистон савдогарон кӯшиш доранд колояшонро наҷот диҳанд.
Ин сеюмин сӯхтори бузург дар се моҳ, дар ҳудуди бозори "Ӯш" Бишкек мебошад. Нахустин бор бозор рӯзи 30 январ ва бори дуюм 5 март ба коми оташ рафта буд.