ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Тавре Кумитаи давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон гузориш медиҳад, аз яке аз маҳбасҳои кишвар ду шаҳрванд фирор кардаанд, ки байни онҳо шаҳрванди Тоҷикистон низ будааст.
Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, ҳодиса 8 апрел дар шаҳри Балиқчаи Қирғизистон рух додааст.
Ҳамин тавр, як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Зафарҷон Исматов, сокини шаҳри Ваҳдат, ки моҳи феврали соли равон бо ҷурми дуздӣ маҳкум шуда буд якҷоя бо зодаи Узбакистон Асқарҷон Бӯриев 34-сола фирор кардаанд.
Барои фирор дар Қирғизистон 3 соли зиндон дар маҳбасҳои низомаш шадид таъин карда шудааст.