Ҷудочии номдори тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар сабқати Гран-при-2018 дар Туркия ("Grand-Prix Antalya 2018") пирӯз шуд.
Пас аз ин пирӯзӣ паҳлавони тоҷик, Тоҷикистон миёни 50 кишвари иштирокдор ба зинаи 8-ум баромад.
Комроншоҳи Устопириён бори дуюм аст, ки сазовори медали тилло мегардад. Ӯ дар "Анталия Гран-при 2017" низ соҳиби мақоми аввал шуда буд.
Аз навор ба хубӣ аён аст, чӣ гуна Комроншоҳ дар маросими ҷоизасупорӣ Суруди миллиро хондааст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7 варзишгар: Наврӯз Каримзод, Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов муаррифӣ намуданд.