ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Шаҳрванди ИМА зани 33-солаи сокини Тошкандро бо мошини шахсияш пахш карда, куштааст. Дар ин бора расонаҳои Узбакистон хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса шоми 4-уми апрел рух додааст.
Ҳамин тавр, дар Тошканд соҳибкори 25-солаи амрикоӣ занеро, ки аз роҳрави пиёдагард мегузаш, бо мошини шахсияш "Каптива" задааст.
Ҷабрдидаро ба беморхонаи маҳаллӣ, бо шикасти косахонаи сар мунтақил шудааст. Аммо субҳи имрӯз маълум шуд, ки зан аз ҷароҳатҳои шадид дар шӯъбаи эҳёи муассисаи тиббӣ, ҷони худро аз даст додааст.
Боз як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Ҷиззах, қисмати марказии Узбакистон, рух додааст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВУД Узбакистон, 4-уми апрел соати 12.40 (бо вақти Тошканд) дар километри 49-уми ҷодаи автомобилии "Ҷизах — Гагарин", дар ҳудуди ноҳияи Пахтакор ду автомобили Chevrolet ба ҳам бархурдаанд.
"Дар натиҷаи садама, худравҳо оташ гирифтаанд ва ҳама ҳашт нафаре, ки дар ду мошин будаанд, дар ҷойи ҳодиса фавтидаанд", — хабар доданд дар хадамоти матбуотӣ.
Тафтишот дар ҳоли анҷом аст, сабабҳои садама муайян мегардад.