Писари раисҷумҳур вакили парлумон интихоб шуд

Сардор Бердимуҳаммадов 25700 овози интихобкунандагонро гирифт. Ӯ дар ҳавзаи интихоботии "Душак" вакил интихоб шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Писари раисҷумҳури Туркманистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Сардор вакили парлумон интихоб шуд, хабар медиҳад рӯзномаи "Нейтральный Туркменистан".

Писари раисҷумҳур дар ҳавзаи интихоботии "Душак" интихоб шудааст. Овоздиҳӣ рӯзи 25 март сурат гирифт.

Дар умум дар ин ҳавзаи интихоботӣ 30316 кас овоз додааст. Барои курсии вакилӣ дар баробари Бердимуҳаммадов муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаби рақами 10-Огулҷерен Гурдов рақобат кардааст.

Дар Тоҷикистон лӯлакашии хатти газрасонии Туркманистон – Чин оғоз шуд

Сардор Бердимуҳаммадов 25700 овози (91,42%) интихобкунандагонро гирифтааст. Ӯ дар ҳавзаи интихоботии "Душак" вакил интихоб шудааст. Ба тарафдории Огулҷерен Гурдов 2412 интихобкунанда (8,58%) овоз додааст.

Ҳамин тавр ба иттилоъи рӯзнома, дар ҳавзаи интихоботии рақами 25, бошандагони шаҳри Ишқобод писари раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро вакили Маҷлиси Туркманистон интихоб кардаанд.

Сардор Бердимуҳаммадов соли 1981 ба дунё омадааст. Ӯ донишомӯхтаи Донишгоҳи кишоварзии Туркманистон ба номи С.А. Ниёзов аст.

Солҳои 2008-2011 ӯ дар Академияи дипломатии ВУХ Русия дар риштаи муносиботи байнулмиаллӣ таҳсил кардааст.

Солҳои 2011-2013 ӯ дар шаҳри Женева дар риштаи сиёсат таҳсил кардааст.