ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik, Григорий Ростов. Чанде пеш дар Тошканд Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд барои сулҳ дар Афғонистон баргузор шуда буд.
Ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш баёнияеро тасвиб карданд, ки дар он чун ҳамеша бар таъмини суботу амният дар минтақа, густариши ҳамкориҳо дар ҳама заминаҳо ва беҳбуди равобити ҳасанаи ҳамҷаворӣ таъкид шудааст. Ин ниятҳо усулан нек ҳастанд, вале бибинем дар амал чи хоҳад буд?
Боре, ин ҳамоиш ҷуз ин ки коргардонаш кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд (ин ҳамоиш бо ибтикори Узбакистон баргузор шуд), дигар дастоварде ба бор наовард, чунон ки касе ҳам ҷашмдораш набуд.
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо баргузории ин ҳамоиш дигарбора бар обрӯяш афзуд, раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дигарбора аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таваҷҷуҳ ба масоили кишвараш сипосгузорӣ кард ва ҳамомадагон дигарбора толибонро ғоибона накӯҳиш карданд ва ҳушдорашон доданд, ки водор ба сулҳашон хоҳанд кард.
Аммо барои ман на натоиҷи ин ҳамоиш, балки ончи пештар аз он рух дода буд, ҷолиб аст. Чунончи, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр пешниҳод дода буд, ки "манотиқи амне" барои будубоши раҳбарони гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ ва хонаводаҳояшон ҷудо карда шаванд то дар онҷо пайгарду бомбаборон нашаванд.
"Мо мухолифонро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунем: яке онҳое ҳастанд, ки ночоранд биҷанганд, вале хостори оштӣ ҳастанд ва мехоҳанд шароите фароҳам оварда шаванд, ки онҳо низ ба раванди сулҳ бипайванданд. Бештар касоне, ки имрӯз бо давлат меҷанганд, аз ҳамин гурӯҳанд. Аммо дар миёни мухолифони давлат касоне низ ҳастанд, ки ҷанг вазифаашон аст. Онҳо вобастагон ҳастанд. Онҳое ва касоне, ки пуштибонашон ҳастанд, судашонро дар идома доштани ҷанг мебинанд. Бибинем то посухи толибон ба ин пешниҳод чи хоҳад буд. Мо ҳануз посухашонро намедонем, вале хостори он ҳастем, ки хирадварзоне, ки дар миёни мухолифини мусаллаҳ ҳастанд, аҳаммияти ин мавзуъро арзёбӣ кунанд ва таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки он ба суди кишвару ислому миллати мост. Агар хоста бошанд буҳрон дар Афғонистон пушти сар шавад, беҳтарин роҳаш ҳамин аст, ки пешниҳод кардаем", — мегӯяд Ҳикматёр.
Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ҳамчунин афзуд, ки ин яке аз нукоти тарҳи онҳо барои музокироти сулҳ бо "Толибон" аст ва ин нукта мавзуъи баррасиҳои давлати Афғонистон, раҳбарии Амрико ва Арабистони Саудӣ шуда будааст. Ҳикматёр таъкид кард, ки ин мавзуъ дар парвандае ҷудогона рӯи мизи раисҷумҳури Амрико дар дафтари кораш дао Кохи Сафед гузошта шудааст.
Ҷолиб аст, ки Ҳикматёр ин бор аз раисҷумҳури Амрико ҳамчун далели муҳим барои пешниҳодаш ёд мекунад, ҳарчанд пеш аз ин назараш дар бораи Трамп комилан дигаргун буд.
"Ман бовар надорам, ки Трамп ба ҳарфаш вафодор хоҳад буд, зеро дар раванди корзори интибохоти раёсатҷумҳурӣ ҳарфе комилан дигар мегуфт. Он замон вай мегуфт, ки намедонад нерӯҳои Амрико дар Афғонистон чикор мекунанд. Вай ин ҷангро машруъ намедонист. Аммо пас аз интихоб ба симати раёсати ҷумҳурӣ мавзеъгирияшро иваз кард", — мегуфт раҳбари Ҳизби исломӣ.
Боре, Томас Шеннон, муовини вазири умури хориҷии Амрико дар ҳамоиши Тошканд чунин гуфт; "Агар "Толибон" ин даъват ба мусолиҳаро нодида бигиранд ва ҳамкорӣ бо теруристҳоро идома бидиҳанд, мо дигар чорае ҷуз мубориза бо онҳо нахоҳем дошт".
Аммо ин "мубориза" чи натиҷае доштааст? Арзёбии ин натоиҷро аз "коршиноси" афғон – ҳамон Гулбиддин Ҳикматёр бишнавем.
"Стротежии Амрико дар Афғонистон шикаст хӯрд. Амрико ба ҳеч кадоме аз ҳадафҳояш нарасид. Амрикоиҳо мегуфтанд, ки тавлид ва қочоқи маводи мухаддирро решакан хоҳанд кард, аммо тавлиди маводи мухаддир ҳар сол 80 дарсад афзоиш меёбад. Гуфта буданд, ки давлати марказии нерӯманде ташкил хоҳанд кард, ки накарданд. Ин давлат сустпояву нокоромад аст, наметавонад умури кишварро сомон бидиҳад ва саронаш худ бо якдигар мухолифат доранд. Амрико бо ин ҳама куштаву захмӣ ва милёрдҳо дулор ҳазина ба кадом ҳадафе расидааст?!", — мегӯяд Ҳикматёр.
Акнун раҳбари ҲИА пешниҳод дорад, ки толибонро ба хубу бад ҷудо кунанд то бо хубҳояшон созиш ва бадҳояшонро нобуд кунанд. Вале ин "Толибон", ки ба дасти Покистону Қатару Арабистон ва зери назари Амрико ва бархе аз кишварҳои урупоӣ созмон ёфта буд, имрӯз чи ҳолу вазъе дорад?
"Имрӯз толибон дар Афғонистон чандин гурӯҳаке ҳастанд, ки фармондеҳи ягона надоранд. Ҳар кадоме аз ин гурӯҳакҳо дар минтақае фаъол аст ва танҳо барои анҷоми амалиёте маҳаллӣ дар паи дарёфти "супориш" ва сармоя аз хориҷ муттаҳид мешаванд. Онҳо якчанд маркази мудирият доранд, ки дар Покистон, Эрон ва кишварҳои Ховари Наздик ҷойгир ҳастанд, ки рӯ ба нерӯҳои хориҷӣ доранд", — мегӯяд коршиноси масоили Афғонистон Илҳом Нарзиев.
Акнун Ҳикматёр кӯшиш дорад ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонад, ки мешавад бо ин гурӯҳакҳои пароканда, ки ҳар кадоме пуштибони хориҷии худро дорад, созиш кард ва толибон гӯё дар Кобул намояндагӣ бунёд хоҳанд кард ва пушти мизи музокира хоҳанд нишасту раванди мусолиҳа оғоз хоҳад ёфт. Вале ман бар ин боварам, ки вай ҳилагарӣ мекунад.
Ин аҷиб нест, зеро Амрико аслан хостори поён ёфтани ҷанг дар Афғонистон нест.
Ин ба суди Амрико аст, ки оташи ҷанг дар Афғонистон ҳамеша нимсӯз бошад, зеро он баҳонаест барои ҳузури нерӯҳои мусаллаҳ ва пойгоҳҳои низомии амрикоиҳо дар ин минтақа. Агар Амрико нерӯҳояшро аз Афғонистон берун бикашад, дуҷори шикасти фоҳише дар сиёсати хориҷӣ хоҳад шуд. шикаст дар Сурия барои Вашингтон бас аст, ки боз дар Афғонистон низ дучораш шавад. Аз ин рӯ, Амрико ҳаргиз даст ба чунин коре нахоҳад зад.
Аммо дар ин миён ҳампаймонҳои Амрико дар НАТО чикора ҳастанд? Онҳо чун ҳамеша аз Вашингтон пайравӣ мекунанд.
"Мушовирони низомии Олмон дар соли 2018 низ сохторҳои амниятии Афғонистонро дар заминаи омодасозии нерӯҳо ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат ёрӣ хоҳад дод", — гуфта буд чанде пеш вазири дифоъи Олмон Урсула фон дер Ляйен.
Вай ин суханро дар шаҳри Мазори Шариф ҳангоми суханронӣ дар пойгоҳи низомии "Мармал" гуфта буд. Вазири дифоъи Олмон ба ин пойгоҳ ҳамроҳ бо ҳафт узви Кумитаи дифоъии Маҷлиси Бундестаг рафта буд то бо сипаҳбад Амонулло Мубин, фармондеҳи сипоҳи 209 "Шоҳин" Артиши миллии Афғонистон дидор кунад.
"Ҳайъати расмии Вазорати дифоъи Олмон бо раёсати вилояти Балх маъмурияти нави нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ва афзоиши нерӯҳои олмонӣ дар он кишвар аз 980 сарбоз ба 1300 сарбозро баррасӣ кард. Дар ин дидор ҳамчунин барномаи водорсозии мухолифини мусаллаҳи оштинопазир ба сулҳ ва пуштибонӣ аз раванди мусолиҳа дар он кишвар баҳсу баррасӣ шуданд", — эълом кард намояндагии Олмон дар НАТО дар сафҳааш дар Twitter.
Ин вопасин ҷумла ҳар забоншиносу забондонро гиҷу гаранг мекунад: оштиву сулҳу мусолиҳа ҳарчанд вожаҳое мутародифу ҳамреша ҳастанд, вале маъниву манзур аз онҳо дар ин бофтор аз бех якдигар созгор нест. Аммо касе аз ин суханбозиву носозгорӣ парвое надорад, муҳим ин аст, ки ҷумларо зебо гуфтаанд. Русҳо дар ин бора масалае доранд, ки мегӯяд "хурӯс бонгашро мезанаду коре надорад, ки субҳ медамад ё намедамад".
Ин матлаб бо ҳамкории коршинос Илҳом Нарзиев омода шудааст.